734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Беҳтаринҳои соҳаи ҷавонон ва варзиш дар ноҳияи И.Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии И.Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди дахлдори “Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” стипендияи Раиси ноҳия барои беҳтарин варзишгарон ташкил ва гузаронида шуда, аз ҷумла 10 нафар (Ғаниев Ғаниҷон, Ғафуров Бахтиёр, Иброҳими Саидмумин, Илҳомзода Марям, Усмонов Азимҷон, Ҳомидов Меҳроб, Қурбонов Икром, Рашидзода Сорбон, Умеди Қурбонзар ва Қурбонзода Анора) ҳамчун варзишгари беҳтарини ноҳия дар соли 2019 интихоб гардида, аз тарафи Раиси ноҳия, муҳтарам Самӣ Шариф бо мукофотҳои пулии 3 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ 40 нафар хонандагони фаъолу лаёқатманд, ки гирандагони стипендияи Раиси ноҳия дар соли таҳсили 2019-2020 мебошанд, маблағҳои стипендия супорида шуд.

   


03.01.2020 Нет комментариев