734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ- фароғатӣ ба номи Камол Хуҷандии вилояти Суғд ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмуни вилоятии “Ҷавондухтари ҳунарманд” бо иштироки Раҷҷабой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд ва Раҳмонзода Абудулло Қурбоналӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси вилояти Суғд ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоиши маҳсули дасти ҷавондухтарони ҳунарманд, ки ба “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шудааст, аз ҷониби меҳмонон  баҳои баландро сазовор гардиданд, ҳамчунин аз ҷониби меҳмонон таъкид карда шуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо миёни ҷавондухтарон мувофиқи мақсад аст.

Дар идомаи чорабинӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ гирандагони cтипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, таъкид намуд, ки таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат нисбат ба қишри ояндасози љомеа мебошад. Стипендияи Президенти Љумњурии Тољикистон имконият фароҳам меоварад то насли ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳии миллї ва дўстдории Ватан тарбия ёфта, бањри сайќал додани донишу малакаи  худ саъю талош намояд.

Дар кори ҳамоиш Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ нақши ҷавононро дар рушд ва инкишофи кишвар муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ҷавони кишварро зарур аст, ки баҳри ободии Ватан, пойдории сулҳу сулҳу субот ва ба таври сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ яъне 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ саъю талош варзем.

Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирандагони стипендияи президентӣ ваъда доданд, ки  бозҳам бештар ба донишандӯзӣ машғул мешаванд ҳамчун пайрави асили Пешвои муаззами миллат номбардори падару модар ва халқу Ватани азизамон мегарданд.


30.06.2020 Нет комментариев