734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ (COVID-19) ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ аз бемории сироятии (СOVID- 19), дар ноҳияи Фархор корҳои ташвиқотию тарғиботӣ идома дорад.
Дар ин замина, тибқи Нақша- чорабинии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фархор дар хамбастагӣ бо Маркази ҷавонон бо усули “Кӯча ба кӯча” дар бозори марказӣ ва боғи фархангии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Инчунин байни сокинон 160 варақаҳои таблиғотӣ 185 ниқоб тақсим карда шуд. Дар рафти иқдоми мазкур аз ҷониби масъулин ба сокинон таъкид карда шуд, ки новобаста ба паст шудани хуруҷи коронавирус дар кишвар ҳамаи моро мебояд, ки ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоем ва ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон чораҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешем, алалхусус ҷавонони ноҳия дар корҳои тарғиботву ташвиқотӣ  вобаста ба пешгирии ин вабои аср мусоидати фаъол хоҳад кард,


26.06.2020 Нет комментариев