734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали лигаи наврасони Тоҷикистон баргузор гардиданд

ДУШАНБЕ, 26.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо баргузории чор бозӣ Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мусобиқа байни дастаҳои футболи наврасони то 18 соларо оғоз кард. Дар даври ифтитоҳӣ чемпиони амалкунандаи Лигаи мазкур дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ аз дастаи  «Ашт»-и Ашт  бо ҳисоби калони 4 бар 0 мағлуб гашт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дастаи наврасони «Равшан»  дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар ҳамсолони худ аз «Регар-ТадАз»-и Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо шуданд. Дар ин давр наврасони КМВА-и Душанбе низ дар майдони худ ба муваффақият ноил гаштанд. КМВА бо ҳисоби 3 бар 2 бар дастаи Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (ММВЗО)-и пойтахт дастболо шуданд. Инчунин, дар ин давр футболбозони навраси «Хуҷанд» ба дарвозаи дастаи МҶМОВ  3 голи беҷавоб заданд.

Мавриди зикр аст, ки  даври навбатии мусобиқа рӯзи 30 июни соли равон  баргузор мешавад. Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи аввали мусобиқа, ки аз ду қисм иборат аст, дастаҳо дар хонаи худ ва дар майдони ҳариф бо ҳам вомехӯранд. Баъдан, чор дастаи ҷойҳои аввали ҷадвали мусобиқа ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта, боз ба тартиби болозикр дар ду қисм ба ҳам рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қарамонӣ байни дастаҳои футболи наврасони то 18 солаи Тоҷикистон бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон мегузарад.

Лигаи наврасони Тоҷикистон (U-18). Даври 1-ум 24 июни соли 2020 

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1

ММВЗО – КМВА ВМ ҶТ – 2:3

«Хатлон» – «Ашт» – 0:4

«Хуҷанд» – МҶМОВ – 3:0

Дар даври дуюм вомехӯранд:

30 июн (сешанбе)

«Ашт» – «Хуҷанд»

КМВА ВМ ҶТ – «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» – ММВЗО

«Орзу-2026» – «Равшан»


26.06.2020 Нет комментариев