Ваҳдате, ки имрӯз мо зери фазояш ҳаёти осоишта ба сар мебарем, осону сода ба даст наомадааст. Гарчанде Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти хеш гардида буду ҳамчун кишвари мустақил эътироф мегардид, аммо барои ноил гардидан ба бузургтарин дастовард, яъне Ваҳдати миллӣ тахминан шаш сол лозим омад. Зеро аз рӯзҳои нахустини соҳибдавлатӣ дар кишвар кашмакашиҳои дохилӣ ба вуҷуд омада, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат ҳалок гардиданду чандин ҳазори дигар ба кишварҳои ҳамсоя гуреза шуданд.

Ба он ҳама бесарусомониҳо танҳо ваҳдати сартосарӣ метавонист, ки нукта гузораду ба ҷои ғаму дард, нигарониву парешонӣ ва сарсониву саргардонӣ ҳаёти орӣ аз ҳама гуна ғаму дард ва зиндагии осоиштаву сулҳомезро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳадя созад. Барои расидан ба ин неъмати бебаҳои таърихӣ аҳолии бонангу номуси кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши зиёд намуда, пас аз гуфтушунидҳои зиёд бо тарафи мухолиф, 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ҳаёти осоишта ба Тоҷикистон баргашт.

Ба таъкиди роҳбарияти олии кишвар Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Инак, 23 сол мешавад, ки кулли сокинони кишвар дар фазои Ваҳдати миллӣ пайи кору фаъолият ва зиндагии озодонаанду дар рушду тараққиёти кишвари азизамон саҳми худро гузошта истодаанд.

Ваҳдати миллӣ баробари дигар қишрҳои ҷомеа пеш аз ҳама дар ҳаёти насли ҷавони кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал оварда, дар ин давра онҳо ба дастовардҳои зиёди илмию варзишӣ ноил гардиданд.

Воқеан, самараи ваҳдат аст, ки имрӯз ҷавоне дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути дониши хеш ватанро муаррифию Парчами онро баланд мебардорад. Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз ҷавоне дар олами варзиш ба дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ ноил мегардад. Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз ҷавоне бо истифода аз имкониятҳои фароҳамоварда дорои ҷойгоҳи хеш дар ҷомеа мегардад. Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз ҷавоне ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мераваду Ватани муқаддаси худро содиқона ҳифз менамояд. Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз ҷавоне дар соҳаи хеш муваффақ асту таҳқиқотҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ менамояд. Ва самараи ваҳдат аст, ки имрӯз ҷавоне худро насли хушбахти замон меҳисобаду ҳамқадами ҷаҳони муосир.

Хурсандиовар аст, ки насли ҷавони имрӯза бо дарку фаҳми ин неъмати гаронарзиш талош бар он намуда истодаанд, то ҳамеша муҳофизи он бошанд.

Париваш Пулотова, яке аз ҷавондухтарони фаъол мегӯяд, Ваҳдати миллӣ буд, ки тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ба пешрафту нумӯи тоза қадам ниҳода, дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Ваҳдати миллӣ баробари дигар қишрҳои ҷомеа ба ҷавонон низ имкониятҳои зиёдеро фароҳам оварда, имрӯз бо истифода аз ин имкониятҳо ҷавонон илму дониш меомӯзанду саҳмгузори фардои дурахшони кишвари камназирамонанд.

“23 сол аст, ки мардуми тоҷик дар зери таассуроти бузурги Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо ҷонбозиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, зиндагӣ карда, ба оянда бо назари нек менигаранд. Тоҷикон дар ҳама давру замон ва марҳилаи таърихӣ тарафдори бунёдкорӣ, эҷодкории илму маърифат, мустақилият ва дӯсту бародарона зистани халқу миллатҳо буданду ҳастанд. Ҳамин гуна хислати неки мардуми мо буд, ки имрӯз мо ҳама сарҷамъона зери офтоби нурбахши сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарему ҳаёти хурсандона дорем. Ҳамчун ҷавони замони соҳибистиқлолӣ шукрона аз Ваҳдат мегӯям, ки барои мо ҳаёти осоишта тақдим гардид. Шукри ин неъмати бебаҳо мегӯям, ки он бори дигар ба мо сарҷамъиву якдилиро ҳадя кард. Рисолати инсонию имонии ҳар яки мо-ҷавонон имрӯз ин аст, ки муҳофизи ин неъмати бузург бошему дар таҳкимаш саҳмгузор ва онро ба наслҳои оянда ҳамчун ҳадяи гаронбаҳои таърихии миллати худ бурда расонем”, – иброз дошт Париваш.

Дар воқеъ, чун ояндагони давлату миллат ҷавононанд бояд онҳо баробари ҳамаи қишри ҷомеа ба яке аз арзишҳои миллии миллатамон – Ваҳдати миллӣ арҷгузор бошанд. Он ҳама заҳматҳое, ки барои расидан ба ваҳдат аз ҷониби мардуми кишвар ва роҳбарияти олии давлат сарф шудааст, ҷавонон набояд фаромӯш созанд.

Вобаста ба ин нукта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба маврид гуфтаанд: “Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард”.

Суман Қосимзода, яке аз ҷавонони дигар нақши Ваҳдати миллиро дар ҳаёти ҷавонон басо муҳиму назаррас дониста мегӯяд, чун Ваҳдати миллӣ саҳми хешро дар хубу зебо гардидани ҳаёти кулли ҷавонони кишвар гузошту имрӯз ҳамаи эшон бо пайки ин неъмати бебаҳо ҳаёти осоишта доранд, бояд чун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа саҳми худро дар таҳким бахшидану ҳифз намудани ин неъмати бебаҳо гузоранд. Ӯ гуфт: “Ҳамчун омӯзгори ҷавон ба шогирдони хеш ҳамеша таъкид менамоям, ки ҳар як неъмати бебаҳои Офаридгор, аз ҷумла Ваҳдати миллиро қадр намоянду пос доранд. Чунки хушҳолию ҳамдилӣ ва озодона зиндагӣ кардани ҳар яки мо аз баракати ваҳдати сартосарист.

Кабӯтарвор рақсам шеър бар лаб,
Биболам дар ҳавои номи Ваҳдат”.