734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


СУЛҲ – АСОСИ ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТ

Дар таъриху сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун даврони саодатофарин ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои мо – насли ояндасози кишвар 27 – уми июни соли 1997 аз шумули ҳамин санаҳои муқаддас мебошад. Дар ин рӯзи мубораку саид пас аз талошу кӯшишҳои қаҳрамононаву ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тасвиби ин ҳуҷҷати ваҳдатофарин баҳри мо тоҷикистониён ба қавли Лоиқи ширинсухан «сулҳи бунёдкор»-ро ба армуғон оварда, барои вусъати беназири раванди созандагӣ дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагии шаҳрвандони кишварамон таккони бузург бахшид.
Давоми 23 сол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, бо тамоми қудрату тавон барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Ватан – Модар ва таъмини некӯаҳволию осоиши ҷону тани худ камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту роҳнамоиҳои меъмори сулҳу Ваҳдат, Сарвари давлат, роҳбари муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ мекунанд. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба комёбиҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маънавие ноил гардад. Танҳо бо шарофати сулҳу созиш ва Ваҳдати миллӣ чеҳраи мунаввару хирадмандона, қалби пурмеҳр ва рӯҳи шикастнопазири халқи тоҷик пеши назари тамоми ҷаҳониён таҷаллӣ намуд.
Мусаллам аст, ки даст ёфтан ба Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон ба осонӣ муяссар нагардидааст. Ҷиҳати расидан ба он мо чӣ қадар марҳилаҳои душворро паси сар кардаем. Аммо бо вуҷуди ин фарҳанги ҳазорсола, заковату шуҷоати халқ ва хиради сиёсии Сарвари давлат аз муҳимтарин омилҳое буданд, ки моро ба сулҳу Ваҳдат расониданд, ки баъдан он ба бузургтарин нерӯи созанда ва ормони мардумӣ табдил гардид. Имрӯз кишвари мо ба ваҳдатистони ҳақиқӣ табдил шудааст. Мардум аҳамият ва зарурияти Ваҳдатро бештару хубтар дарк намуда, барои таҳкими пояҳои он содиқона заҳмат мекашанд. Дар ин рӯзҳои фархунда мо танҳо ба хотири шукргузорӣ ба сулҳу оштӣ каме ба таърихи истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ руҷӯъ менамоем, то хонандаи закиро ба қадри донишу маърифати худ бо нақши сарнавиштсози ҳамбастагию иттиҳод ошно намоем.
Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ душманони миллат хостанд ҳаракати худшиносии миллии мардуми тоҷикро ба хоку хун кашанд ва дар Тоҷикистон оташи ҷанги ҳамватаниро афрӯзанд, мардумро ғарибу бенаво ва мотамзада гардонанд ва давлату миллати тоҷикро ба вартаи ҳалокат наздик намоянд. Махсусан чунин вазъияти мудҳиш дар моҳҳои март – ноябри соли 1992 ба авҷи аълои худ расид. Дар натиҷа ҷанги ҳамватанӣ байни фарзандони як миллат шурӯъ гардид, ки ба андешаи мо давоми ҳазор сол ин калонтарин ва мудҳиштарин фоҷеаи миллӣ буд. Вазъияти ваҳшатбори кишвар фарзандони асили халқро бетараф нагузошт. Онҳо баҳри барқарор намудани Ҳукумати қонунии Тоҷикистон, ки аркони он тамоман фалаҷ гардида буд, ба по хестанд. Муборизаи онҳо самар дод. Роҳбари Тоҷикистон интихоб гардидани фарзонафарзанди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати мо муждаи бахту пайки саодат буд. Зеро ин тоҷики оламшумул нахустин ҳарфҳои дили худро аз ваҳдату оштӣ ба тамоми мардум иброз дошт ва ба миллаташ хитоб кард, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ба қавли худ устувор монд ва ваъдаашро дар амал татбиқ намуд. Ҷасоратмандона ба сӯи мухолифин шитофт ва дасти сулҳу созишро ба онҳо дароз кард. Натарсидаву наҳаросида, балки бо шуҷоати беназир ва шермардонаву рустамона ба Хустдеҳи Афғонистони даргир, ба назди мухолифини сар то по мусаллаҳ рафтану бо роҳбари онҳо сари мизи музокироти сулҳу созиш нишастани Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳаббати амиқ, қалби бузург ва матонати рӯҳу ҷони ин Сарвари маҳбуби халқ шаҳодат медиҳад.
Сулҳу созиш ва Ваҳдати миллӣ ба кишвари мо дастоварду комёбиҳои беназирро арзонӣ дошт. Дар мамлакатамон раванди бомаром ва пайгиронаи бунёдкорию созандагӣ вусъати бештар касб намуд. Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои ҷаҳон соҳиби обрӯю эътибори хоса гардид. Талошу кӯшишҳои музаффаронаи раҳбарияти давлату Ҳукумат дар заминаи рушди соҳибкорӣ, инкишоф додани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва махсусан татбиқи пайгиронаи се ҳадафи стратегӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ самараҳои дилхоҳ дода истодаанд.
Ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат минбаъд имконт медиҳад, ки дар кишвар ҷойҳои зиёди корӣ муҳайё шавад. Ҳамзамон рушд ёфтани саноат, хосса саноати сабук барои муаррифии шоистаи давлатамон чун кишвари истеҳсолкунандаи меваҳои шаҳдбор заминаи мусоид фароҳам оварад.
Сохта ва мавриди истифода қарор гирифтани мактабҳо, варзишгоҳҳо, чанде аз корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, марказҳои бузурги савдо, хонаҳои истиқоматӣ, таъсису фаъолияти ташкилотҳои хурди амонатию қарзӣ, ба миён омадани ислоҳот дар сохторҳои кишоварзӣ, молия, суд, фарҳангу маориф, зина ба зина боло бардоштани музди меҳнат, мавҷудияти матбуоти озод ва нашрияву нашриётҳои хусусӣ, воқеияти гуногунандешии сиёсӣ, бузургдошти ному хотираи нобиғаҳои илму фарҳанги миллат – номгӯи мухтасари дастоварду комёбиҳое мебошанд, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ туфайли Ваҳдати миллӣ ба даст овардааст. Ҳар гоҳ, ки Пешвои муаззами миллат дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ вобаста ба ҳаллу фасли масъалаву муаммоҳои глобалӣ фикру андеша ва мулоҳизаву пешниҳодоти судманди худро бо забони ширину шоиронаи тоҷикӣ баён мекунад, тамоми ҳастии моро ҳисси ифтихору шарафмандӣ фаро мегирад.
Таваҷҷӯҳи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонони босаодати кишвар дар рӯзгори мо мақоми хосса дорад. Ҳанўз аз солҳои нахустини роҳбариашон Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон бо чашми умеду боварӣ назар карда ба фаъолияти мо наслҳои ояндасоз баҳои баланд доданд. Беҳуда набуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар радифи нахустин санаҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба тасвиб расид. Ин ҳуҷҷат барои пешбурди фаъолияти минбаъдаи ҷавонони кишвар санади роҳнамунсоз гардид. Мо, ҷавонони ваҳдатшиори мамлакат шукрона аз он мекунем, ки Пешвои муаззами миллат пуштибон ва ғамхори ҳамешагии мо ҳастанд. Ҳамин аст, ки татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар сиёсати Пешвои миллат ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Таъмиру тармими асоси ёфтани Қасри ҷавонони ба номи Лоик Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд, бунёд ёфтани даҳҳо иншоотҳои фароғатӣ – оммавӣ, варзишӣ, таълимӣ аз таваҷҷӯҳи эътибори хосаи Сарвари муаззами мо башоратгар аст. Танҳо дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 105 иншооти варзиши мавриди истифода қарор гирифтанд, ки он аз 75 майдончаи варзишӣ, 19 толори варзишӣ ва ду ҳавзи шиноварӣ иборат аст. Дар соли 2019 ин тадбир боз вусъати тоза пайдо карда теъдоди иншоотҳои нави варзишӣ 121 ададро ташкил дод. Ин ҳама самараи ваҳдати осоиштагӣ, зиндагии ободу хуррамона ва саъю талоши садоқатмандонаи мардуми ваҳдатшиори кишвар мебошад, ки имрӯз дар арафаи ин ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ қарор дорад.
Имрӯз мо бо чашми дил мебинему бо тамоми вуҷуд эҳсос менамоем, ки Ваҳдати миллии тоҷикон бо камоли матлуб устувор шуда, барои Тоҷикистон меҳвари рушду тараққиёт ва пару боли эъҷозу парвоз ба сӯи саодат мебошад. Таманно мекунем, ки ҳамеша Тоҷикистон ваҳдатистони ҷаҳон бошаду ҳамбастагӣ ва ҳамдилии тамоми шаҳрвандони миллат роҳнамои мо ба уфуқҳои тозаи пешрафт гардад. Мо ҷавононро зарур аст, ки ба қадри сулҳу ваҳдати сар то сари расем, нагузорем, ки ин ғояи муттаҳидкунанда, сарҷамъкунандаи пиру ҷавон аз хотирҳо фаромӯш шавад.

Мирзоқосим Каримзода,
сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд


26.06.2020 Нет комментариев