734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ДАР ДУШАНБЕ ҲАМОИШИ ҶАВОНОН: “БО ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРАМ ИФТИХО МЕКУНАМ!” БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 25 июни соли 2020 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и пойтахт Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Бо Пешвои ваҳдатофарам ифтихор мекунам!” баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур гирандагони стипедияи президентӣ аз шаҳри Душанбе ва хатмкунандагони курси омӯзишии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ суханронӣ намуда, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хатмкунандагони курси омӯзиширо сараввал ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии ҷавонон аст табрику муборакбод намуданд.Лозим ба зикр аст, ки бо мақсади таъмини таҳсил ва имконияти таҳсили ҷавонони лаёқатманд аз мавзеъҳои дурдасти кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамзамон квотаҳои президентӣ барои хонандагоне, ки бобаҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъияттӣ фаъолона иштрок менамоянд, таъсис дода шудааст, ки ин иқдом боиси беҳтар шудани сифати донишу маърифат миёни ин қишри ҷомеа гардидааст.

Дар раванди чорабинӣ муроҷиатномаи ҷавонон- гирандагони стипендияи президентӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президаенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид. Дар охири чорабинӣ ба гирандагонӣ стипендияи президентӣ маблағҳои стипендияи президентӣ  барои соли хониши 2019-2020 дастрас гардида, хатмкунандагони курси омӯзишии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида шуданд.

Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирандагони стипендияи президентӣ ваъда доданд, ки  бозҳам бештар ба донишандӯзӣ машғул мешаванд ҳамчун пайрави асили Пешвои муаззами миллат номбардори падару модар ва халқу Ватани азизамон мегарданд.

 

 


25.06.2020 Нет комментариев