734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Боздиди раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Раҳмонзода А.Қ. аз рафти фаъолияти Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзиш

Субҳи 15 майи соли 2020 раиси Кумита муҳтарам Раҳмонзода А.Қ. ба Муассисаи давлатии таълимии Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзиш ташриф оварданд.

Дар доираи боздид аз рафти омодагиҳо ба соли хониши 2020-2021, шароити синфхонаҳои дарсӣ, толорҳои варзишиву маҷлисгузаронӣ, утоқҳои корӣ, майдону майдончаҳои варзишӣ, боғу гулгаштҳо, ошхона ва хобгоҳи хонандагон дидан намуданд.

Ба раиси Кумита иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса 360 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва нимятим таҳсил мекунанд, ки ҳамаи онҳо бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин мебошанд.

Дар охир бо як қатор кормандони муассиса вобаста ба вазъияти имрӯза, сироятшавӣ ба бемории коронавирус суҳбату вохӯрӣ намуда, ба роҳбарият ва масъулони муассиса дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, аз ҷумла омодагӣ ба соли хониши навбатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, давомоти хонандагон, омода намудани варзишгарони касбӣ, таъмини хӯроку ҷойи хоби хонандагон ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани бинои муассиса диққати ҷиддӣ дода шавад.

На изображении может находиться: один или несколько человек, растение, дерево и на улицеНа изображении может находиться: один или несколько человек, стол и в помещенииНа изображении может находиться: один или несколько человек и в помещенииНа изображении может находиться: один или несколько человек и в помещенииНа изображении может находиться: 1 человек, стоит, костюм и в помещенииНа изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят, люди стоят, стол и в помещенииНа изображении может находиться: один или несколько человек и в помещенииНа изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят, стол и в помещенииНа изображении может находиться: 1 человек, в помещенииНа изображении может находиться: один или несколько человек, люди стоят, обувь, дерево, ребенок, баскетбольная площадка и на улицеНа изображении может находиться: один или несколько человек, люди стоят, дерево и на улицеНа изображении может находиться: один или несколько человек, люди стоят, свадьба и на улице


15.05.2020 Нет комментариев