734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «UzAuto»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилӣ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ширкати мазкур.

«Бо мақсади густариши парки махсуси беҳдоштии мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ ба беморон дар давраи пандемия, ба Тоҷикистон як миқдор мошинҳои ёрии таъҷилии тиббии тамғаи «Damas» фиристода шуд», — омадааст дар иттилоия.

Ҳар як мошин дорои лавозимоти иловагии муҳофизатӣ барои кормандони тиб мебошад


13.05.2020 Нет комментариев