734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


COVID-19. Бонки Осиёии Рушд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 100 ҳазор доллар грант ҷудо намуд

ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси нав  COVID-19 ва дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар доираи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон   100 ҳазор доллар грант ҷудо намудааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар марҳилаи хариди маводи мавриди  ниёзи аввал барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди COVID-19 12 май аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат маводи тиббӣ супорида шуд.

Дар маросими супоридани маводи тиббӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Шодихон Ҷамшед иштирок намуда, кумаки Бонки Осиёии Рушдро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди вазорат бо ин ниҳоди молиявӣ арзёбӣ намуд.

Маводи тиббии тақсимшуда аз антисептик барои дастон, термосканери электронӣ, маводи гигиенӣ (собун, салфетка, сачоқ), маводи безараргардонӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, комбинезонҳои тиббӣ, хилъатҳои тиббӣ, бахил, сарпӯшҳои тиббӣ, дастпӯш ва ниқобҳои тиббӣ иборат мебошанд.


13.05.2020 Нет комментариев