734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Соҳибмулкони бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ва хонаводаи Соҳибовҳо ба 465 оилаи табибони вилояти Хатлон кумак расонданд

ДУШАНБЕ, 13.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби соҳибмулкони бозори  калонтарини шаҳри Бохтар – «Ҳоҷӣ Шариф» ва хонаводаи соҳибкорон Соҳибовҳо маводи озуқа, аз ҷумла орду равғану биринҷ ва ғайра, ба 130 оилаи табибон дар Кӯлоб, 185 табиби Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов, 60 оила дар Данғара, 60 хонавода дар ноҳияи Кӯшониён, 30 оила дар ноҳияи Вахш дастрас гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳбарияти бозори «Ҳоҷӣ Шариф» барои расонидани кумак ба 465 оилаи табибони вилоят изҳори миннатдорӣ намуд.


13.05.2020 Нет комментариев