734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


КУМАКИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БАДАХШОН. Дирӯз корвони мошинҳои боркаши калонҳаҷм вориди шаҳри Хоруғ шуд

ДУШАНБЕ, 13.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз кумаки навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корвони мошинҳои боркаши калонҳаҷм вориди маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Кумаки мазкур барои беморон ва табибони вилоят буда, аз доруворӣ, либосҳои фардии муҳофизатӣ, ниқоб, маҳлулҳои безараргардонӣ ва маводи озуқаворӣ иборат мебошад.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов ба масъулини Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супориш дод, ки аз кумаки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода баранд ва ба ноҳияҳои вилоят низ кумаки Роҳбарияти Олии мамлакатро расонанд, то ҳамаи табибони вилоят аз  он бархӯрдор гарданд.


13.05.2020 Нет комментариев