734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки бори аввал дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба ВКХи ҷумҳурӣ.

Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкории ниҳодҳои сиёсати хориҷиро оид ба масъалаҳои гуногуни рӯзномаи Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати ҳифзи василаҳои мавҷудаи ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ ва маҳдудиятҳои карантинӣ махсус зикр намуданд. Дар масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ муфассал табодули афкор сурат гирифт.

Дар суханронии Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятноки иштироки ҷумҳурӣ дар ИДМ баён гардид.

Дар натиҷаи ҷаласа, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, 11 санад ба имзо расид.


13.05.2020 Нет комментариев