734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҚАҲРАМОНИ АСРҲО ЗИНДА МЕМОНАД

Мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

9-майи соли 1945 – Рӯзи Ғалаба ба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои музаффар мебошад. Бо гузашти солҳо шукӯҳ ва азамати Ғалабаи Бузург барои халқи советӣ ва мардуми олам торафт аёнтар мегардад, зеро ин ғалаба мақсадҳои ботили хукумронии кулли олам шудани фашистони Германияро барбод дод ва ҳушдорест барои онҳое, ки дар сар хаёли хоми ғулом намудани халқҳоро мепарваранд.

Гузашти вақт наметавонад аз хотири башарият мардонагӣ ва устувории халқи советиро, ки барои ҳифзи Ватани хеш бархоста буд, зудояд. Мо ба такрори рӯзҳои мудҳими Ҷанги Бузургии Ватаниро ёдовар шуда мекӯшим аниқтар дар барои омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷовидонии онҳое, ки барои хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин кардани сарбозон дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашиданд, андеша ронем, хубтар дарк кунем ва тарғиб намоем. Муборизае, ки халқи советӣ бар зидди фашистони ғосиб мебурд, набарди одилона, озодибахш, набарди муқаддас буд.

Омили муҳими ғалаба, ваҳдат ва якмаром будани ҷабҳаву ақибгоҳ гардид. Корномаи синфи коргару деҳқон, зиёиёни советӣ якҷоя бо қаҳрамониҳои сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи ғалабаро наздик кард.

Ҷанги дуюми ҷаҳон ба мардуми Аврупо ва олам ранҷу азоби беандоза оварда , яке аз фоҷеаҳои бузургтарин дар таърихи башарият ба ҳисоб меояд.

22-июни соли 1941 Германия бо муттаҳидошан Италия, Венгрия, Руминия, Финляндия, ва Словакия ба ИҶШС (СССР) ҳуҷум кард. Ғалаба бар миллатгароён бисёр гарон афтод. Ба гирдоби ҷанг 72 давлат кашида

шу два бештар аз 55 млн. нафар ҳалок гардид. Дар шумори қурбониён 27 миллион шаҳриван-дони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ҷанг хисороти бузург овард.

Иттиҳодияи Шӯравӣ барои аз фашизм раҳоӣ баҳшида, ҳиссаи арзанда гузошт. Дар мубориза бо Иттиҳоди Шӯравӣ, армияи германия 73 фоизи сарбозону афссарон, 75 фоизи танкҳо ва артиллерия ва авиатсияи худро аз даст дод.

Талафоти Тоҷикистон дар ҷанг зиёд буд: бештар аз 300 ҳазор фиристодагони ҷумҳурии мо дар майдонҳои набард ҷонбозиҳову қаҳрамониҳо карданд. Бештар аз 90 ҳазор шаҳид шуданд. Барои корнамоиву мардонаг набарди зидди фашизим 57 нафар унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд ва 15 нафар дорандагони ордини шараф гардиданд. Солҳои ҷанг дар дармонгоҳои ҳарбӣ ва бермористонҳои Тоҷикистон 28 ҳазор маҷрӯҳон табобат мегирифтанд. 25 ҳазор сарбозону афзарон шифо ёфта ба ҷабҳа бар гаштанд. Нафарони зиёде дар хоки Тоҷикистон манзили охират ёфтанд. Ба хотири онҳо дар баландиҳои қисмати шарқии Душанбе маҷмааи ёдбуд ва Чароғи фурӯзон бунёд шудаат.

Дар солҳои ҷанг мардуми мо бо фуҷуди мушкулоти зиёди зиндагии худ, барои таъмини сарбозон бо хурокворӣ, сару либос ва дигар маводи зарурӣ рӯзу шаб нагуфта пайваста меҳнат мекард. Худ гуруснави бараҳна, вале ҳама чизро ба ҷабҳа барои Ғалаба ва ояндаи дурахшон мефиристод. Бо гузашти солҳои зиёд арзиш ва азамати корнамои бемисли мардуми Тоҷикистон боз ҳам равшантар дар дилу ёдҳои мо нақш мегузорад ва чун намунаи ибрат зуҳур меёбад.

«Корнамоӣ ва ҷонфидоии модарону падарон моро даъват менамояд, ки Ватанамро азизу гироми дорем ва барои ободии кишвари худ ҳиссаи арзанда гузорем» – мегуяд Президенти кишвар бар муроҷиатномаи худ ба ветиранҳои ҷанг.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз афсонаи зинда ва намаунаи хизмати фидокорона ба Ватан мебошанд. Онҳо ҷонбозиҳои зиёде карданд то Иди 9- май ба яке аз зеботарин идҳо табдил ёбад.

Мо ворисон, ки Иди Ғалабаро ҷашн мегирем, пеши корномаҳои бемисли сарбозонуи Ватан сари таъзим фуруд меорем. Сари таъзим фуруд меорем пеши онҳое, ки тамоми сахтию маҳрумиятҳои солҳои ҷанро бар душ гирифта ҳама ранҷу дарду азобҳоро пушти сар гузоштанд.

Мо ворисон сари таъзим фуруд меорем ва аҳсад мегӯем ба онҳое, ки Ватани харобазорро обод карданд ва бо ҳаёту зиндагии хеш нишон доданд, ки зиндагии насли музаффар чӣ гуна бояд бошад.

ШАРАФИ АБАДИ БА ҒАЛАБА!

Маратҷон ҶАББОРОВ кормади бахши кор бо ҷавонон ва

варзиши ноҳияи Деваштич


29.04.2020 Нет комментариев