734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Озмуни якҷояи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Бонки миллии Тоҷикистон

Бо мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявии наврасону ҷавонон Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоягӣ  бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни ҷумҳуриявии “Саводнокии молиявӣ” доир менамояд. Дар озмун ҷавонону наврасон аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок карда метавонад.

Шартҳои озмун аз 3 давр иборат буда, ба ҷавонон имконияти баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ медиҳад.

Шартҳои озмун:

  1. Расми беҳтарин
  2. Флешмоби беҳтарин
  3. Видеоролики беҳтарин (дар мавзӯи “Саводнокии молиявӣ” то 2 дақиқа)

Хоҳишмандон метавонанд маводҳоро барои иштирок тариқи почтаи электронии  gmw2020tj@gmail.com ирсол намуда, соҳиби туҳфаҳои арзишманд гарданд.


17.04.2020 Нет комментариев