734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


СИТОДИ КОРӢ БО МАСЪУЛОНИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Санаи 7 апрели соли 2020 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ситоди корӣ оид ба рафти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018 таҳти рақами АП-1059 “Оид ба омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон Ризоӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои МИҲД-и ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд. Баъд аз баромаду музокираҳо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҷиҳати бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ  дар ҳар як деҳаҳо ва вусъат бахшии корҳои созандагию ободонӣ баҳри истиқболи сазоворонаи ҷашни бошукӯҳи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Баъди ситоди корӣ Абдулло Раҳмонзода Қурбоналӣ дар ҷамоати Ғончӣ аз иншоотҳои ҷашнӣ дидан намуда таъкид карданд, ки иншоотҳои мазкур то муҳлати муайяни тибқи нақшаҳои тасдиқгардида пурра ба истифода дода шавад.


07.04.2020 Нет комментариев