734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Рӯзи 1 апрели соли 2020 мавсими баҳоронаи маъракаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маросими гусели наваскарон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуд.

Ҷавононмардони бонангу номуси миллат сарбаландона ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд. Дар рӯзи аввали даъват ВМКБ, ноҳияҳои Сангвор, Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод 100% нақшаи даъватро сарбаландона иҷро намуданд.

Ҳамин тариқ дар рӯзи якуми даъват аз вилояти Хатлон 700 нафар, вилояти Суғд 371 нафар, ВМКБ 236 нафар, ШНТҶ 1248 нафар ва шаҳри Душанбе 415 нафар наваскарон ихтиёрӣ бо сари баланду дили гарм ба Хизмати Ватан – Модар гусел карда шуданд.


04.04.2020 Нет комментариев