734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмонзода А.Қ. ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса, Шуморо бо фарорасии фасли нозанини баҳор ва ҷашни ниёгон – баҳори ҷавонию Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику муборакбод гуфта, ба шумо ва аҳли кормандону пайвандонатон рӯзгори хушу созанда ва саломатии бардавому саодати зиндагӣ таманно менамоям.

Наврӯз маънии “рӯзи нав”-ро дар худ таҷассум намуда, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад ва дар таърихи фарҳанги мардуми ориётабор ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи  Наврӯз гиромӣ  нест.

Дар фарҳанги мардуми тоҷик, ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббусу иродаи сиёсии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он мақоми байналмилалиро касб намуд.

Дар ин фасли баҳору ҷашни фархундаи Наврӯз, ки айёми зебоиву шукуфоӣ, хурсандиву шодмонӣ ва рӯзгори босаодатро дар худ таҷассум менамояд, орзуи онро дорем, ки фазои андешаҳои ҳар яки мо низ мисли ин фасл зебо бошад.

Ҷашни покиву озодагӣ ва оғози Соли нави аҷдодиамон ба Шумо ва аҳли хонадони муҳтараматон фархунда бошад.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон фирӯз бод.


20.03.2020 Нет комментариев