734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАҲО БАРОИ ХАТМКУНАНДАҲОИ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Нимаи дуюми рӯзи 14 марти соли 2020 дар МД “Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” бо иштироки муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ маросими супоридани шаҳодатномаҳои курсҳои такмили ихтисос барои диреторони мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар маҷмӯъ 12 нафар давоми 12 рӯз курсҳои мазкурро омӯхта сарбаландона хатм намуданд, ки инҳо дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои рушду оммавияти варзиш дар маҳалли худ содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.


16.03.2020 Нет комментариев