734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


БОКСЁРОНИ ТОҶИК БА БЕҲТАРИН ДАСТОВАРД НОИЛ ГАРДИДАНД

Яке аз намудҳои варзиши зебову шавқовар ва дилрабову диқатҷалбкунанда ин намуди бокс мебошад, ки мухлисону ҳаводорони худро дар кишвар ва дар сатҳи байналмилалӣ доро мебошад.
Мафҳуми калимаи Бокс (аз англ. Bох — зарба), муштзанӣ, навъи варзиш, аз рӯйи қоидаи муайян муштзании байни ду варзишгар. Панҷ ҳазор сол пеш дар Мисру Бобул дар шакли муштзании одӣ пайдо шудааст. Қоидаҳои бозии Бокс (бе дастпушак) дар Англия (асри 18) ҷорӣ гардида, соли 1867 истифодаи дастпушак шурӯъ шуд. Бокс аз соли 1904 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил ва минбаъд баргузории чемпионатҳои ҷаҳон ва қитъаву давлатҳои алоҳида аз рӯйи он ба анъана даромад. Мусобиқа дар ринг – майдончаи чоргушаи дарозӣ ва бараш 6 метр, ки атрофаш бо таноб иҳота шудааст, дар чанд навбат (раунд) бо танаффуси якдақиқагӣ мегузарад. Ба ринг ҳарифони ҳамвазн (истисно бокси касбӣ) роҳ дода мешаванд. Ғолиб варзишгаре мегардад, ки ҳарифро бо ҳуҷуми муваффақиятнок шикаст медиҳад, ё қувваи ҳарифаш ба давом додани бозӣ намерасад, ё ҳарифаш аз идомаи бозӣ сар мекашад. Мувофиқи қоидаи Бокс аз камар поин, ба буни гардан, ба тахтапушт, инчунин ҳарифи аз пой афтодаро задан мамнуъ аст. Мусобиқаи муштзанҳоро як ҳаками дохили ҳалқа (ринг) ва 3-5 ҳаками берун аз он доварӣ мекунанд.
Ин намуди варзиш дар Тоҷикистони пеш аз Истиқлолият соли 1937 дар Ленинобод (вилояти Суғди ҳозира) бо ташабусси мураббӣ аз шаҳри Ленинград (Санк- Петербурги ҳозира) Константин Липинский ба фаъолият, машқу тамрини варзишгарони тоҷик шурўъ намудааст.
Аввалин мусобиқаи оид ба ин намуди варзиш 23 феврали соли 1940 дар Ленинобод (Санк- Петербурги ҳозира) бо иштироки варзишгарони маҳаллӣ ва аз пойтахти он вақтаи кишварамон Сталинобод (Душанбе) баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур аввалин варзишгарони ин риштани варзиш аз ҷумла Очил Иброҳимов, Алексей Чудновский, Александр Носачёв, Бернард Липинский баромад намудаанд. Аввалин сабқат дар ин мусобиқа байни Очил Иброҳимов ва Трехин сурат гирифт, ки Очил Иброҳимов ғолибиятро ба даст овард. Мухлисон аввалин маротиба дар таърихи бокси точик шоҳиди “нокаут” гардиданд.
Муддати куҳтоҳ аз байн нарафта буд, ки дар боғи фаҳангӣ – фароғатӣ шаҳри Сталинобод (Душанбе) 20 июли соли 1940 дар рўзи ҷашни кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баромади намунавии варзишгарони шаҳр аз рўи намуди бокс баргузор гардид.
Дар ин риштаи варзиш варзишгарон Алексей Чудновский, Очил Иброҳимов ва дигарон саҳми муносиби худро барои рушди минбаъдаи ин намуд варзиш гузоштаанд.
Ин намуди варзиш дар кишвари мо нуфузу мартабаи хосса дошта, дустдорону хаводорон ва варзишгарони касбии худро доро мебошад.
Барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани ин намуди варзиш дар кишварамон Федератсияи бокси касбии Тоҷикитон амал менамояд, ки он аз 31 марти соли 2008 аз қайди давлати гузашт.
Варзишгарони ин намудани варзиш барои муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузшта, дар хазинаи тиллоии кишвар дастоварҳои беназиру беҳамторо ворид намудаанд
Дар соли 2019 варзишгарони ин намуд дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиби 42 медал гаҳтанд, ки аз ин 18 тилло 7 нуқра ва 17 биринҷӣ мебошад.
Натиҷаҳом баланди варзишгарони аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс чунин мебошад
Мавзуна Чориева ҷойи сеюм дар Бозиҳои тобистонаи олмпии Лондон 2012;
Усмонов Баҳодур ҷойи аввал дар Чемпионати Осиё дар кишвари Тайланд;
Абдураҳим Яқубов ҷойи аввал дар Чемпионати Осиё дар Фуҷайраи АМА;
Муродов Абубакр ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Фуҷайраи АМА;
Боиси ифтихор ва сарфарозии мо ҷавонон ва варзишгарони кишвараст, ки соли ҷорӣ ду варзишгарӣ ин риштаи варзиш Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81 кг роҳхат ба бозиҳои Олимпии Токио-2020 гирифтанд ва бо ин дастоварди беназиру беҳамто нуфузу мартаба ва Парчами давлатии кишвари азизамон-Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалї баланд бардоштанд.
Боварии комил дорем, ки чунин дастовардҳои беназир ба дигар варзишгарони ватандўсту ватанпарвари кишварамон насиб мегардад.
Боксиёрони тоҷик бо дастовардҳои беназир, маҳорату матонат ва ҷасорат барои рушди варзиши тоҷик саҳми арзанда гузошта истодаанд.

На изображении может находиться: 2 человека

На изображении может находиться: 2 человека


13.03.2020 Нет комментариев