734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Рушди футболи тоҷик

Варзиш ягона воситае мебошад, ки ҳангоми машғул шудан ба он варзишгар худро дар дунёи дигар эҳсос менамояд ва танҳо варзиш қодир аст, ки ба инсон ақли солим, руҳи солим ва ҷисми солим бахшаду соҳиби неърӯи тоза гардад. Яке аз намудҳои варзиш, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ дораду дар тамоми манотиқи сайёра мухлис ва ҳаводорони худро дорад, ин футбол мебошад. Футбол аз замони пайдоши худ дар байни мардум мавқеи хоссаро пайдо намудааст ва нуфузи худро рӯз то рӯз баланд бардошта истодааст.  Кишвари мо  ҳам чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рушди ин намуди варзиш беканор набуда, сол то сол варзишгарони касбӣ ва ҳаводорони футбол дар кишвари мо афзуда истодаанд ва дастаҳо аз ин намуди варзиш дар сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

 Албатта ноил гардидан ба дастоварду музаффарият бе дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомотҳои дахлдор ғайриимкон мебошад. Дар ин росто саҳми Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле бузургу назаррас мебошад.

Бояд қайд намуда, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 122 варзишгоҳҳои замонавӣ бо ҷойи нишаст ва 6619 майдончаҳои варзишии футболбозӣ мавҷуд мебошад, ки дар онҳо 29 даста дар лигаи олӣ ва якум, 585 дастаҳои дӯстдорон ва 6 дастаи мунтахаби футболбозон фаъолият мекунанд, ки дар маҷмуъ 11850 нафар футболбоз фаро гирифта шудааст.

Барои омода намудани футболбозон дар кишвар 103 муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва махсуси футбол фаъолият менамояд, ки дар он 7966 нафар дар 612 гурӯҳ, аз ин 337 нафар наврасдухтарон дар 15 гурӯҳ бо ҷалби 298 мураббӣ машқу тамрин карда истодаанд.

Аз шумораи дар боло зикргардида 5 мактаби махсусгардонидашудаи футбол ва 1 академия фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 600 нафар футболбозони наврасу ҷавон фаро гирифта шудаанд.

Барои баланд бардоштани нуфузу мартабаи ин намудаи зебои варзиш дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии футболи кӯдакона доир гардид, ки барои рушди футболи кӯдаконаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Инчунин, фестивали футболи духтарон санаи 11 октябри соли 2019 дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 140 нафар наврасдухтарон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

  Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар мусобиқаҳо варзишӣ аз рӯйи намудаи футбол дар 3 марҳила ба нақша гирифта шудааст, аз 1 март оғоз гардид, ки имрӯзҳо дар ҳар як деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин мусобиқаҳо бо маром баргузор гардида истодааст ва чунин мусобиқаҳо метавонад як заминаи воқеӣ барои рушди минбаъдаи ин намуди варзиш гузорад.

Ба ғолобони ҳар як мусобиқаҳо аз ҷониби бахшҳои кор ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷом, медал ва диплом қадридонӣ карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон давоми солҳои охир хеле назаррас буда, ҷиҳати рушди футбол дар арсаи байналмилалӣ саҳми калон гузошта истодааст. Баланд гардидани баҳогузории рейтинги футболи Тоҷикистон дар феҳристи Федератсияи футболи ҷаҳонӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.

Дастаҳои мунтахаб ва клубҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои рафиқона, бозиҳои интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба ҷоми Конфедератсияи Осиё иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки дастаи наврасдухтарони то 14 солаи кишвар аз 13 то 16 сентябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар чемпионати байналмилалии КАФА иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дастаи наврасони то 16 солаи кишвар аз 6 то 10 апрели соли 2019 дар шаҳри Вэйнани Чин дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми Роҳи абрешим – Хуашан 2019”, аз 24 июл то 8 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар чемпионати байналмилалии КАФА иштирок намуда иштирок намуда, ғолибиятро ба даст овардаанд, ҳамзамон аз 16 то 22 сентябри соли 2019 дар шаҳри Омани давлати Урдун дар мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё – 2020 иштирок намуда, дар гуруҳ ҷойи якумро ба даст оварда, сазовори роҳхат ба чемпионати Осиё-Баҳрейн -2020 гардиданд.

Дастаи наврасони то 17 солаи кишвар аз 25 то 28 августи соли 2019 дар шаҳри Нур Султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон” иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Дастаи ҷавонони то 19 солаи кишвар аз 7 то 15 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар чемпионати байналмилалии КАФА иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва  аз 2 то 6 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё – 2020 иштирок намуда, дар гуруҳ ҷойи якумро ба дастоварда, сазовори роҳхат ба чемпионати Осиё -2020 гардиданд.

Дастаи ҷавондухтарони то 23 солаи кишвар аз 22 то 28 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар чемпионати байналмилалии КАФА иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дастаи футзали кишвар бошад аз 23 то 25 октябри соли 2019 дар шаҳри Урмияи Эрон дар мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё – 2020 иштирок намуда, дар гурӯҳ ҷойи дуюмро ба даст оварда, сазовори роҳхат ба чемпионати Осиё -2020 гардиданд.

Бояд зикр намуда, ки дастаи наврасони то 17 солаи кишвар аз 28 октябр то 3 ноябри соли 2019 дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки дар давлати Бразилия доир гардид, ифтихори тамоми дӯстдорони футболи кишварро таъмин намуд.

Бо боварии калон гуфта метавонем, ки варзишгарони ин намуди варзиш барои баланд бардоштани нуфузу мартаба ва Парчами давлатии кишварамон-Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мерасонанд.

На изображении может находиться: 17 человек

На изображении может находиться: 4 человека, на улице

На изображении может находиться: 2 человека, люди занимаются спортом и на улицеНа изображении может находиться: 11 человек, на улице

На изображении может находиться: 11 человек, люди стоят и на улице


13.03.2020 Нет комментариев