734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


БОКС: барои гирифтани роҳхати олимпӣ ба Шаббос як пирӯзии дигар зарур аст

Варзишгари  шинохтаи  тоҷик Шаббос Негматуллоев 10 март дар Мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони Урдун идома дорад, дар қувваозмоии аввали даври бокс-офф дар вазни то 81 кило бар варзишгари Тайланд Йомхот Ҷаккапонг бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. 

Дар вазни-81кг барои қораи Осиё/Уқёнус 5 роҳхат пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, варзишгароне, ки дар чорякфинал мағлуб гардиданд, барои як роҳхат мусобиқаро идома медиҳанд. Дар ҷуфти дигари ин давр Сачин Кумар аз Ҳиндустон бар намояндаи Ветнам Нгуйен Чуонг пирӯз шуд. Акнун имрӯз  Шаббос бо Сачин барои ба даст овардани роҳхат қувва  месанҷанд.

Ҳамчунин  имрӯз  боз ду муштзани тоҷик — Баҳодур Усмонов ва Сумайя Қосимова – дар даври бокс-офф барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 мубориза мебаранд. Баҳодур дар сабқати мардон дар вазни то 63 кило бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя дар сабқати занон дар вазни то 51 кило бо Ириш Магнои филиппинӣ рақобат мекунанд. Ғолибони ин ду қувваозмоӣ ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио мушарраф мешаванд.

Ба ин тартиб, аз 12 муштзани тоҷик (8 мард ва 4 зан) се нафар – Баҳодур Усмонов, Сумайя Қосимова ва Шаббос Неъматуллоев -муборизаро барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома медиҳанд.

Дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, беш аз 250 нафар варзишгарон аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) талош меварзанд.

Тибқи низомнома, дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81 кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91 кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24  июл то 9  августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25   июл то 9  август доир хоҳад шуд.


11.03.2020 Нет комментариев