734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Муҳтарам рӯзноманигорон ва

кормандони соҳаи соҳаи матбуот!

 Пеш аз ҳама мехостам якояки шуморо бо Рӯзи матбуоти тоҷик самимона шодбош бигуям.

Мусаллам аст, ки таърихи матбуоти тоҷик бо нашри аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф” санаи 11-уми марти соли 1912 оғоз гардид. Рӯзнома дар матбааи Когон бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик — тоҷир ва миллионери Бухоро Мирзо Муҳиддин Мансуров ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публитсисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп шуд. Муҳарририи рӯзнома ба ӯҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода гузошта шуда буд.

Ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамин рӯз, яъне санаи 11-уми март ҳамчун «Рӯзи матбуоти тоҷик» — Иди касбии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Имсол аз чопи нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” 108 сол сипарӣ гардид, ки пур аз шебу фарози соҳа дарак медиҳад.

Дар муддати беш аз як аср матбуоти тоҷик ташаккул ёфта, дар амри баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, таъмини фазои иттилоотии кишвар, тарғибу таҳкими ғояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ба воя расидани қаламкашони бешумор саҳми арзишманд гузоштааст.

Дар шароити пуртазоди имрӯза ва замони омӯзишу бархӯрди тамаддунҳо низ нақши матбуот бештар аз пештара намудор мегардад. Васоити ахбори аммаи Тоҷикистон бо шумули журналистҳои варзида баҳри инъикоси воқеии вазъи сайёра ва дохили кишвар, пешомадҳои он, инчунин ба таври шоиста ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ намудани Ватани маҳбубамон ҳамарӯза хизматҳои пурарзиш карда истодаанд.

Аз ин рӯ, аз номи кулли ҷавонони Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷикро ба аҳли қалам муборакбод гуфта, изҳори боварӣ менамоем, ки журналистикаи тоҷик минбаъд низ барои солим нигоҳ доштани фазои иттилоотии кишвар, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии насли наврас, мустаҳкам намудани рукнҳои истиқлолият ва боз ҳам ободу зебо шудани Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон аз тамоми воситаву имкониятҳо самаранок истифода хоҳанд кард.

Рӯзи матбуоти тоҷик муборак!


11.03.2020 Нет комментариев