734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Допинг- қотили орзуҳои варзишгар

Дар ҷаҳони муосир падидаҳое мавҷуд аст, ки инсонҳо бештар бо онҳо дучор гардида, аз онҳо ё манфиат мебинанд ва ё ба нокоми дучор мегарданд. Дар ҷаҳони варзиш маводҳои таъсиррасоне мавҷуд аст, ки дар мавриди истифодаи онҳо бештари варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ ҳаёти ояндаи хешро зери суол мебаранд. Ин гуна маводҳои таъсиррасон миёни ҷомеаи варзишӣ бо номи допинг маъмул аст

ДОПИНГ – аз калимаи англисӣ (dope) гирифта шуда, маънояш додани маводи мухаддир, барои муваққатан нигоҳ доштани неруи ҷисмонӣ ва равонӣ истифода карда мешавад.

Айни замон аксар варзишгарони касбӣ ба ин мушкили дучор мешаванд. Барои ҳалли масъалаи мазкур як чанд саволҳо пеш меоянд: чи гуна бояд системаи назорати допингро ба роҳ монд, кадоме аз доруҳоро барои истифодаи варзишгарон бояд манъ кард, дар мавриди қоидавайронкунии варзишгарон чи гуна бояд чораандеши намуд?

Ғайр аз ВАО, ки оиди допинг барномаҳои фаҳмондадиҳӣ пешниҳод менамояд аксар варзишгарон маълумоти кофи надоранд. Ба ҳолати воқеи бояд назар кард, ки мушкилот ва сабаби асосии истифодаи допинг дар варзиш кадом аст?

Мутахассисон бар он назаранд, ки истифодаи допинг аз рўзи таъсисёбии Бозиҳаи олимпӣ дар соли 776 то мелод пайдо шудааст. Иштирокчиён маводҳои нерўафзои аз замбуруғ ва гиёҳҳо омодашударо истифода мекарданд.

Имрўзҳо он маводҳое, ки дар солҳои пеш аз мелод истифода мегардиданд ҳатман мамнуъ эълон мегардиданд. Ба ин нигоҳ накарда то Бозиҳои олимпии муосири соли 1896 иштирокчиён бо истифода аз фурсат барои ба даст овардани натиҷаҳои назарраси варзишӣ маводҳои барангезандаю нерўафзо – допингро истифода менамуданд. Бо мурури замон иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ маводҳои доппингиро васеъ истифода менамуданд, ҳатто аз он маводҳое, ки таасирашон метавонист инсонро то ҳадди нестӣ оварда расонад.

Мисоли ин гуфтаҳо ҳаёти даванди амрикои Томас Хикс шуда метавонад. Соли 1904 дар мусобиқа, ки дар шаҳри Сант-Луис баргузор мегардид, Томас Хикс аз ҳамсафони худ ба чанд километр пеш гузашт ва аз ҳуш рафт. Мураббиёнаш ўро водор намуданд, ки баъзе нушокии махфиро истифода намуда, сипас сабқатро идома диҳад ва ин нушоки маводи барангезандаю нерўафзо – допинг буд.

Дар варзиши ҷаҳони ҳолатҳоеро метавон вохурд, ки ҳаммаро дар ҳайрат меоранд. Аз қабили голҳо дар бозиҳои серҳаракат, суръатҳои рекордии фантастикӣ, амалҳои боварнакунанда, ки бешубҳа барои ҷалаб намудани ҳаводорони варзиш ба варзишгоҳҳо ва маҷмааҳои варзишӣ мусоидат менамояд.

Ҳоло он, ки он амалҳо падидаҳои хеле зайф нестанд. Барои мисол бисёре аз ҳаводорони намуди варзиши хаккей дар болои ях ба он назаранд, ки болои ях барои ҷанги тан ба тан нест, аммо қисми дигари мухлисони ин намуди варзиш мегуянд, муноқиша дар варзиши хаккейро қисми ҷудонашавандаи ин намуди варзиш меҳисобанд. Аммо, мутаассифона, чизе дар варзиши касби вуҷуд дорад, ки боиси ташвиши умумӣ, шиддат ва маҳкумият мегардад. Албатта сухан дар бораи маводҳои барангезандаю нерўафзо – допинг меравад.

Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) 10 ноябри соли 1999 дар шаҳри Лозинаи давлати Шветсария дар заминаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфтааст. Аз соли 2001 инҷониб қароргоҳи Агентии умумиҷаҳонии  зиддидопингӣ (WADA) дар шаҳри Монреали Канада ҷойгир аст.

Допинг барои ба даст овардани маблағи зиёд ба воситаи ғайриқонунӣ ва ноадолатона барои ноил гардидан ба натиҷаҳои олии варзишӣ истифода карда мешаванд. Бо вуҷуди ин бояд ба инобат гирифт, ки чаро баъзе аз дорўҳо иҷозат дода шудаанд ва баъзеашон не.

Тибқи муқарароти Комиссияи тиббии Кумитаи байналмилалии олимпӣ муайян гардидааст, ки табақаҳои варзишгарон вобаста ба намуди варзиш бо воситаҳои гуногун маводҳои барангезандаю нерўафзо – допингро истифода менамояд ва итминон дорад, ки истифодаи он барои самаранокии фаъолияти ў ҷиҳати ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ заминаи мусоид мегузорад, бехабар аз он, ки ин мавод дар варзиш мамнуъ ба шумор меравад.

Истифодаи маводҳои фармокологии бо обҳои биологи омехта ва истифода шуда, ба допинг ишора менамоянд. Мувофиқ ба ин гуфтаҳо доруҳои фармакологие мавҷуданд, ки танҳо маводи барангезандаю нерўафзо – Допинг ҳисобида мешавад ва дар организми инсон ба таври фаъол амал менамоянд ва фаъолии онро дар тиб ба воситаи хун ва пешоб метавон муайян намуд.

Тибқи сарчашмаҳо дар Бритониёи Кабир маводҳои допингӣ барои кам намудани вазни бадани варзишгарон онро истифода менамоянд. Допинг хоси танҳо варзишгарон набуда, ситораҳои Голивуд низ барои ҷолиб гардидани нақшҳои асоси аз он истифода мебаранд.

Пас аз анҷоми Бозиҳои олимпии Атланта – 1996 нисбати якчанд иштирокчиён ҷиҳати даст задан ба истифодаи маводҳои нерўафзо парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуд. Дорўҳои истифодашавандаи нерўафзо метавонад шахсро аз насл маҳрум созад. Мутаассифона варзишгарон барои зебо будани бадан  ва дар тан зебо намудани либос аз ин гуна маводҳоро истифода менамояд.

Барои мисол метавон гуфт, ки дар Олимпиадаи соли 2000, ки дар шаҳри Сидней давлати Австралия баргузор гардид бо сабаби даст доштани чанде аз варзишгарон ба маводҳои нерӯафзо онҳо аз иштирок дар ин Олимпиада маҳрум гардиданд. Инчунин истифодаи доппингро метавон дар рақос ва раққосаҳое, ки ба зиммаи онҳо амалҳои душвор вогузор шудааст мушоҳида намуд.

Варзиш ин муборизаи ирода ва аломат аст, на силсилаи муборизаҳои шадиди ҷисмонӣ.

Хурсандиовар он аст, ки дар замони муосир пас аз таъсис гардидани Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ аллакай пайхас намудаанд, ки замоне расидааст, ки онҳо бояд аз дур будани маводҳои барангезандаю нерўафзо – допинг андеша намоянд. Дар тӯли 15-20 соли гузашта, ҳаҷм ва пуршиддати таълиму тарбияи рақобатпазир афзоиш ёфта, варзишгарон дар бисёр намудҳои варзиш ба ҳудуди қобилияти физиологии ҷисмонӣ наздик шуданд. Мушкилоти дигаре, ки варзишгарон ба он дучор меоянд, ин норасоии витаминҳо дар ғизо маҳсуб меёбад, ки ин барои нафарони ба варзиш машғул таасири манфии худро мерасонад. Барои муътадил намудан ва таъмин кардани меърёҳои ғизо дар соҳаи варзиш, варзишгаронро зарур меояд, ки маводҳои формокологие, ки номгўй онҳо дар рўйхати Агентии умумиҷаҳонии  зиддидопингӣ (WADA) манъ гардидааст, андеша намоянд. Хотирасон бояд намуд, ки ҳамасола ба рўйхати  маводҳои мамнуъ тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Бо вуҷуди ҳама мамнуниятҳои доппингӣ баъзе аз варзишгарон ба истифодаи он даст мезананд, ки ин минбаъд барои дар сатҳи зарури қарор доштани неруй ҷисмонии он таъсири манфии худро мерасонад. Аввалин қурбонии доппинг дар варзиш велосипедрони Англис Енсена ба шумор меравад. Ў соли 1886 дар яке аз мусобиқаҳо аз сабаби истифодаи миқдори маводҳои барангезандаю нерўафзо – допинг даргузашт. Инчунин соли 1986 баскетболбози боистеъдоди Амрикои Лео Байес ва соли 1987 футболбози бомаҳорат Дон Роджерс аз сабаби истифодаи бемаҳдуди маводҳои мухадири мутаълиқ ба маводҳои неруафзо ба ҳалокат расид.

Ин омилҳо бояд боиси ҳушдори варзишгароне гардад, ки барои дар оянда нақшаи пайдо намудани мавқеи худро дар соҳа доранд. Мақсад аз иттилоъ додани мо дар он аст, ки варзишгарони наврас, ҷавонон ва калонсолон аз оқибатҳои нохуши истифодаи маводҳои барангезандаю нерўафзо – Допингӣ бархурдор бошанд.  Зеро сархати 8, моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” (аз 16.04.2012 № 825) оиди манъи истифодаи маводҳои барангезандаю  нерўафзо – допинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад.

Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, ки шароитҳои фароҳамовардро самаранок истифода намуда, оиди манъи истифодаи маводҳои допингӣ пурмасъул бошанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 


11.03.2020 Нет комментариев