734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Курси омӯзишии “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” идома дорад

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси омӯзишии “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Дилноза дар мавзӯи “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва дурнамои ин соҳаи афзалиятнок” ба ҷавонони касбу кори гуногун аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дарси намунавӣ гузарониданд.

Дар воқеъ имрӯз ҷавонони мо бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолона кору фаъолият намуда барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар саҳми арзанда мегузоранд-қайд намуданд зимни машғулияти таълимӣ Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ

Дар идомаи курси омӯзишии “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” муовини аввали Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин дар мавзӯи “Интихоби касби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва ҷанбаҳои устувори муҳоҷирати меҳнатӣ дар ташаккули мустақилияти иқтисодии ҷавонон ва ҷойҳои нави корӣ дар кишвар” ба ҷавонон дарс гуфтанд.


25.02.2020 Нет комментариев