734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАНҒАРА БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дуввумин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷиро таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поняда бод” санаи 18 марти соли 2020 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон доир менамояд.

Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ соли дувум аст, ки аз ҷониби маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир карда шуда, дар соли 2019 дар фестивали мазкур намояндагони беш аз 12 давлати дунё иштирок намудаанд.

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии маҳфил дар 17 давлати дунё фаъолият намуда истодааст.

Фестивали ҷаҳонии ҷавонон имсол дар доираи тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостонӣ бо иштироки беш аз 300 нафар ҷавонон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарону намояндагони созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ доир карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки баргузории Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омезиши фарҳангҳо, ташаккули ҳисси фарҳангдӯстии ҷавонон, ташаккули ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва фароҳам овардани шароти муосид барои дӯстии ҷавонони ҷаҳон мусоидат менамояд.

Ёдовар бояд шуд, ки Фестивали фарҳанги ҷавонон аз бахшҳои мухталиф иборат буда, дар он рақсу таронаҳо ва сурудҳои дилнишин бо забонҳои гуногуни ҷаҳон қироат карда мешавад. Ҳамзамон, ҷавонони хориҷӣ дар фестали ҷавонон бо забонҳои тоҷикӣ сурудҳои дилнишинро месароянд.

Дар доираи баргузории фестивали мазкур  ҳайати иштирокчиён, намояндагони корпуси дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ аз мавзеъҳои фарҳангиву фароғатӣ ва таърихии шаҳри Норак ва  ноҳияи Данғара дидан менамоянд.


25.02.2020 Нет комментариев