734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи “Ватанпарвар” дар ноҳияи Сангвор

Пос доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди кишвар ба шумор меравад. Хизмат ба Ватан ва ҳимояи дастоварду муқаддасоти миллии он шараф ва ҳифзи нангу номуси миллӣ ба шумор рафта, ҳар як шаҳрванди кишвар, алалхусус ҷавононро водор месозад, ки барои чунин ҷасоратмандӣ камари ҳимат бубанданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонмардони ҷасуру шуҷои мо имрӯзҳо кушиш менамоянд, то ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи кишвар дохил гардида, марзу буми меҳанро ҳимоя намоянд.

Ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва  худшиносиву худогоҳии ҷавонон, бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор мусобиқаи ҳарбӣ- варзишӣ таҳти унвони “Ватанпарвар” баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, бахусус ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд, ки шумораи умумии онҳо зиёда аз 250 нафарро ташкил медоданд.

Аз миёни дастаҳои муассисаҳо ҷойи якум насиби дастаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Сангвор, чойи дуюм насиби дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва ҷойи сеюм насиби дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 гардид, ки ба онҳо медал ва дипломҳои таъсиснамудаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор тақдим карда шуд.

На изображении может находиться: 2 человека, люди стоят

На изображении может находиться: 1 человек, стоит, гуляет и на улице

На изображении может находиться: 1 человек, на улице

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди стоят и на улице

На изображении может находиться: 2 человека, люди стоят

На изображении может находиться: 3 человека, люди стоят и на улице


25.02.2020 Нет комментариев