734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ ДАР СОЛИ 2020

Бо мақсади таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, рушди намудҳои миллии варзиш, ҳамзамон таъмини солимии миллат, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон якчоягӣ бо мақомотҳои дахлдор  Фестивали бозиҳои миллии варзиширо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар соли ҷорӣ баргузор менамоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз соли 2016 инҷониб баргузор мегардад ва он марҳила ба марҳила давом ёфта маросими ҷамъбастии он дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд бо фарогирии васеи варзишгарону ҷавонони кишвар доир карда мешавад.

Мавриди зикр, ки тибқи таҳлили коршиносон ва мутахассисони намудҳои миллии варзиш, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи 2 намуди бозиҳо, яъне намудҳои сабқат ва рақобати даставӣ ва намудҳои бозиҳои намоишӣ муқаррар гардидааст, ки аз рӯи тартиб чунин тақсимбандӣ гардиданд:

Намудҳои миллии варзишие, ки аз рӯи онҳо мусобиқаҳои даставӣ баргузор карда мешавад:

  1. Гуштингирӣ ё гуштини миллии суннатӣ;
  2. Чавгонбозӣ;
  3. Шиноварӣ;
  4. Вазнбардорӣ (сангбардорӣ);
  5. Дастхобонӣ;
  6. Пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200, 400, 800 метр);
  7. Шоҳмот;
  8. Бандкашӣ;

Намудҳои миллии варзишие, ки ҳамчун намудҳои намоишӣ дар ҷараёни оғози Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ба марази тамошои мардум гузошта мешавад:

  1. Хурусҷанг;
  2. Чиликдангал;
  3. Лайлакбозӣ;
  4. Биҷилбозӣ;
  5. Камонварӣ;
  6. Шамшерзанӣ;
  7. Камолгулак;
  8. Фалагмолпартоӣ;
  9. Ҳойталак;
  10. Бандпарак;

Марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи ноҳия ва шаҳр моҳи март  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ  ва марҳилаи дуюм дар сатҳи минтақа ва вилоят моҳи май бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май” баргузор  карда мешавад.

Марҳилаи сеюм ва ҷамъбастии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ моҳи сентябр бахшида ба 29- умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.


25.02.2020 Нет комментариев