734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Бо мақсади тарғиби васеи тарбияи ҷисмонӣ  ва варзиш дар деҳоти кишвар ва ҷалби ҷавонону наврасони деҳот ба футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонону наврасони деҳот ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 март то ноябри соли 2020 мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар чор марҳила баргузор менамояд.

Санаи оғози марҳилаи якуми мусобиқа дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, ташкилоту муассисаҳо 1 марти соли 2020 муайян карда шуда, бахшида ба таҷлили 29- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 9 сентябри соли 2020 баргузор мегардад.

Марҳилаи дуюми мусобиқа дар сатҳи ноҳия, шаҳр 10 сентябри соли 2020 муайян карда шуда, бахшида ба таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” то санаи 5 октябри соли 2020 баргузор карда мешавад.

Оғози марҳилаи сеюми мусобиқа дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе санаи 6 октябри соли 2020 муайян гардида, бахшида ба таҷлили “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” то санаи 6 ноябри соли 2020 баргузор ва ҷамъбаст мегардад.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқа дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз 11 то 16 ноябри соли 2020 бахшида ба таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони сатҳи минтақа ва вилоятҳо баргузор мегардад.

Бо мақсади оммавияти бозии футбол ва таъмин намудани шукуҳи шаҳомати варзишии мусобиқа дар доираи марҳилаҳои якум, дуюм ва сеюми он фестивали футбол ташкил карда мешавад.


24.02.2020 Нет комментариев