734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бахшида ба 27 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарбозону афсарони шуҷои Ватан ва ҷавонони саодатманди диёр!

Пеш аз ҳама бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 27 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям.

Бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар кишвари мо бошад, зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун бунёдкори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои нерӯи азими зеҳниву ҷисмонӣ баҳри иштирок дар ҷараёни фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад.

Маҳз, бинои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ки имрӯз таҳким ёфтаву ҳузури мубораки он дар паҳнои давлатдории муосири мо ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ арҷ ниҳода мешавад, симои Пешвои муаззами миллатро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ ва раҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри навин муаррифӣ кардааст.

Бо ташаббус ва иқдомҳои наҷибу созандаи Роҳбари хирадманд, миллати тоҷик соҳиби рамзҳои давлатдорӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Артиши миллӣ гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохтаву таҷрибаи сулҳофарии моро чун беҳтарин роҳи ҳалли мушкилот эътироф намудааст.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ – сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт.
18-уми декабри соли 1992 баъди он ки аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, Артиши миллӣ дар заминаи қувваҳои низомие, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.
23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва бо мутахассисони касбӣ пуррагардонии сафи Артиши миллӣ таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекарданд. Зеро амнияти давлату миллат ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун пеш аз ҳама ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобастагӣ дорад.
Бо ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст.
Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат, махсусан бо ташаббусу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахасисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбии ҳарбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерӯи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.
Маҳз ҷасорату мардонагӣ, қавииродагию матонати Пешвои миллат, сиёсатмадори шоиставу арзанда, давлату миллатро аз парокандагиву нестӣ нигоҳ дошт.
Беҳтарин ифодаи шукргузорӣ аз соҳибватан будан ва расидан ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр, ин ватандӯстӣ буда, равшантарин изҳори ватандӯстӣ, хизмат кардан ба Ватан аст. Ҷавонони сарбаланду соҳибтамаддун, имрӯз бо ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, шаъну шавкат, қувва, қудрат, ғуруру азамат бо ифодаи олии ғояҳои ватандориву худшиносии миллӣ ҳамеша барои пойдорӣ, устуворӣ, абадият, бардавомӣ, ҷовиду пояндагӣ ва бахту саодати миллат ҳамчун фарзандони бовафо бо ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардонавор ва сарбаландона хизмати ҳарбиро анҷом дода истоданд, ки ин боиси ифтихори мо масъулини сохтори кор бо ҷавонон мебошад.

Маҷмӯи дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавие, ки солҳои охир дар ҷомеаи мо ба вуқӯъ мепайванданд, маҳз аз сиёсати дурандешона ва сулҳофаронаи Пешвои муаззами миллат, самараи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати созандаи мардуми меҳнатдӯсти кишвар мебошад.
Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат зикр намуданд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
Ин нуқтаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ ва ифтихори миллии ҷавонони саодатманди кишварро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

Дар асл, ватандӯстӣ дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум бахусус ҷавонон ба ҳисоб рафта, метавонад дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидиро фароҳам орад. Бо дар назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самти муҳими иҷтимоӣ низ беш аз пеш таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ кардан ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар яки мову шумо ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем ва итминон дошта бошем, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.

Бори дигар ҳар яки Шумо сарбозону афсарони шуҷои Ватанро ба ифтихори 27 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта, ба Шумо дар роҳи хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан барору комёбиҳои беназирро хоҳонам.

Саломату сарбаланд бошед Ҳомиёни Ватан!


22.02.2020 Нет комментариев