734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни ҷавонону наврасон баргузор гардид.

На изображении может находиться: один или несколько человек, небо, на улице и природаАз 15 то 16 феврали соли 2020 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни ҷавонону наврасон (духтарон ва писарон) дар базаи ҶДММ “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб баргузор гардид.
Ибтидо аз рӯзи 15 феврали соли 2020 дар базаи ҶДММ “Сафед – дара” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо доираи васеи варзишгарон баргузор гардида дар он ҷавонону наврасон аз ҷумла наврасдухтарон иштироки фаъолона доштанд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии бозиҳои намудҳои зимистона ҷиҳати рушди ин навъи бозиҳо тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намуда истодаанд, ки дар ду соли охир шумораи иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ рӯ ба афзоиш аст.

Дар мусобиқаи мазкур 8 даста иборат аз 68 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар духтарон ва 58 нафар писарон аз рӯи ду барнома слаломи хурд ва слаломи калон иштирок намуданд.

На изображении может находиться: снег, небо, природа и на улице

На изображении может находиться: один или несколько человек, гора, на улице и природа

На изображении может находиться: один или несколько человек, небо, снег, на улице и природа

На изображении может находиться: небо, природа и на улице


18.02.2020 Нет комментариев