734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон”

На изображении может находиться: в помещенииКумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 феврали соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон”-ро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои кишвар ва шарикони рушд доир намуд.

Форуми мазкур таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардида, ҳадафи асосии кори Форум ба даст овардани омилҳои пешгирӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, интихоби ҳаёти осоишта ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону варзишгарон ва сокинони кишвар мебошад.

Форуми мазкур бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои мухталифи кишвар, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносони соҳа, олимон ва муҳаққиқон, намояндагони федератсияҳои варзишӣ ва масъулини соҳаи варзиш ва кормандони ВАО-и кишвар доир гардид.

Кори форум аз ду қисмат иборат буда, дар қисмати аввал вобаста ба масъалаи мазкур роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони соҳа вобаста ба корҳои анҷомдодашуда, пешгирии ҳолатҳои мазкур дар миёни ҷавонон суханронӣ намуданд.

Дар қисмати дуюми кори Форум дар бахшҳои алоҳида дар мавзӯҳои зерин идома ёфт:
– Роҳ ва усулҳои муосири пешгирӣ аз таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм ва экстремизм миёни ҷавонон;

– Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят миёни ҷавонон: сабабҳо ва роҳҳои пешгирӣ;
– Таҳкими тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон: роҳҳои муосири мубориза аз гирифторӣ ба ВНМО;
– Муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ҷавонон: ҷанбаҳои мусбӣ ва манфӣ;

– Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замони муосир;
– Истифодаи самараноки ТИК омили пешрафт ва суботи ҷомеа;

– Оммавияти варзиш роҳ ба сӯйи муваффақиятҳои олимпӣ ва таъмини солимии ҷомеа;
– Таҳкими тарбияи ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон;

Қисмати аввали Форумро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки дар форуми имрўза муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Адњам Маъмурзода, муовини Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумњурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Сайдалӣ, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддинзода Субҳиддин, мушовир оид ба масъалаҳои сулҳи оҷонсии СММ дар Тоҷикистон Абдуғаниев Куртмула, муовини якуми раиси ВМКБ муњтарам Алишер Мирзонаботов, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Буриев Нозирҷон, намояндагони вазорату кумитањо, ташкилоту муассисаҳо, роњбарияти муассисањои тањсилоти олии касбї, мудирони бахшҳои кор бо љавонон, гирандагони стипендияњои Президентї, љавонони фаъол ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» иштирок доранд.

Баргузории Форум таҳти унвони «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон» низ бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризму экстремизм барои солҳои 2016-2020 ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҷиҳати таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ равона шудааст.

Бешубҳа дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм барои пешрафт ва нумўи тамоми кишварҳои олам монеаи бузургеро эҷод намуда, башариятро дар ҳоли ваҳму ҳарос ва даҳшат қарор додааст. Имрўз мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки пур аз сару садоҳо ва нооромиҳои пай дар пай мебошад.

Таҳлили вазъияти ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ ва экстремистӣ садҳо нафар ашхоси бегуноҳ они худро аз даст медиҳанд. Аз ин рӯ, давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ маблағҳои зиёдеро сарфи пешгирии ин зуҳуроти номатлуб менамоянд, вале мутаассифона гирифтани пеши роҳи содиршавии чунин амалҳои номатлуб ба таври комил имконпазир нагардидааст.

Гурўҳҳои ифротгаро бо истифода аз роҳу усулҳои гуногуни таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон, бахусус нарасону ҷавонон таблиғоти ғайриқонунӣ бурда, ақидаҳои носолимро дар тафаккури онҳо ба вуҷуд меоранд, ки дар натиҷа боиси ифротӣ гардидани ҷавонон мегарданд.

Таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ дар чанд соли охир собит сохтанд, ки аксари тазоњурот ва табаддулоте, ки дар ин кишварҳо сурат гирифтанд, дар заминаи низоъҳои динӣ-мазҳабӣ ба воқеият табдил ёфтаанд ва аз паси њамаи он қувваҳои динӣ-сиёсие меистанд, ки ин тазоҳуроту ҷангҳои дохилиро барои таъғйири ҳокимият роҳандозӣ мекарданд.

Мавҷудияти ҳаракат ва гурўҳҳои тундрав ва ифротгаро махсусан дар заминаи дини мубини ислом хатари ҷиддӣ барои пешрафти њар љомеа буда, ифрот ва тундгароӣ дар оқибати кор ба терроризм мубаддал мегардад.

Дар охири Форум аз натиҷаи ба дастомадаи бахшҳои он қатънома қабул гардида, ҷиҳати барассии масъалаҳои мазкур ва пешгирии ҷавонон аз хатару таҳдидҳои замони муосир ва пешгирии ҳолатҳои хатарҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи кишвар ирсол мегардад.

На изображении может находиться: 3 человека, костюм и текст

 

На изображении может находиться: 17 человек, люди сидят

На изображении может находиться: 22 человека


14.02.2020 Нет комментариев