734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ШӮРОИ НАВБАТИИ “ИТТИҲОДИЯИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

На изображении может находиться: 1 человек, сидит и текстИмрӯз дар бинои Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбари Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ ва роҳбарону намояндагони иттиҳодияҳои кор бо ҷавонон Шӯрои навбатии Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро роҳбари ИТҶТ Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ оғоз бахшида, иброз доштанд, ки ташкилотҳои кор бо ҷавонон бояд ҳар чӣ бештар барои амалӣ гардонидани грантҳои Кумита кушиш ба харҷ дода фаъолиятро дар самти баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, ҳунарманд гардонидани онҳо ва нақши онҳо дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ таъкид намуданд.

Баъдан котиби ИТҶТ Хусрав Бобобеков Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистонро муаррифӣ карда, лоиҳаи Нақшаи кории ИТҶТ барои соли 2020-ро пешниҳод намуд.

Дар идомаи Шӯро роҳбарони иттиҳодияҳои кор бо ҷавонон оиди амалигардонии грантҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми Шӯро вобаста ба барасии ҳуҷҷатҳои дархостии ташкилотҳои кор бо ҷавонон, ҷиҳати қабул шудан ба аъзогии ИТҶТ баромади аъзоёни Шӯро шунида шуд.

На изображении может находиться: 4 человека, люди сидят, в помещении и текст

На изображении может находиться: 2 человека, люди сидят, стол и в помещении

На изображении может находиться: 3 человека, экран и в помещении


13.02.2020 Нет комментариев