734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


13-УМ АНҶУМАНИ ИТТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 12 феврал дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 13-ум Анҷумани Итттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки раисони филиалҳои “Иттифоқҳои ҷавонони Тоҷикистон” ва ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид:

Дар Анҷуман масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

1. Ҳисоботи муовини озоди раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон оид ба фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар се соли охир;

2. Баррасии аризаҳои раиси Иттифоқ, муовинон ва муовини озоди раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

3. Интихоби раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

4. Интихоби ҳайати нави Раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

5. Баромади вакилони Анҷуман аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони

Бадахшон, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе

6. Қабули муроҷиатномаи иштирокчиёни Анҷумани XIII Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

7. Тасдиқи Стратегияи ва механизми нави фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон барои соли 2020.

Тибқи масъалаҳои муайянгардида муовини озоди раиси “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон”- Раҳимзода У. дар назди аъзоён аз фаъолияти Иттифоқ давоми се соли охир ҳисобот доданд, сипас ҳайати Раёсати Анҷуман ва роҳбарикунандаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Дар ҳайати Раёсати Анҷуман:

1. Раҳмонзода Абдулло- Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

2. Назарзода Ризо –вакил аз шаҳри Душанбе

3. Аҳмадзода Дилноза-вакил аз шаҳри Душанбе

4. Раҳимзода Умед- вакил аз шаҳри Душанбе

5. Раҳимзода Шоҳзод-вакил аз шаҳри Душанбе

6. Мирзозода Иброҳим-вакил аз шаҳри Душанбе

7. Чоршанбиев Сураҷ-вакил аз ВМКБ

8. Абдуллоева Фариза-вакил аз вилояти Хатлон

9. Дилафрӯзи Абдулло-вакил аз вилояти Хатлон

10. Каримзода Мирзоқосим- вакил аз вилояти Суғд

11. Салимзода Каримҷон-вакил аз минтақаи Рашт

Дар ҳайати роҳбарикунанда:

1. Раҳмонзода Абдулло- Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

2. Назарзода Ризо-муовини якуми раис;

3. Аҳмадзода Дилноза-муовини раис;

4. Мирзозода Иброҳим- муовини раис;

5. Дилафрӯзи Абдулло- муовини раис;

6. Раҳҳмзода Умед-муовини озоди раис интихоб гардидан.

Мавриди зикр аст, ки ҳисоботҳои фаъолияти филиалҳои “Иттифоқҳои ҷавонони Тоҷикистон” дар ВМКБ, вилоятои Хатлону Суғд ва Шаҳри Душанбе шунида шуд, дар рафти баромадҳо қайд карда шуд, ки воқеан, таҷрибаи солҳои охир дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва инкишофи устувори ҷомеа танҳо кишварҳое муваффақ гардидаанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, аз имкониятҳои фаровони ақлонӣ ва ҷисмонии онҳо самарнок истифода кардаанд.

Дар ҳамин радиф ҷавонон, ки аксарияти нуфузи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, дар маркази таҳаввулоти хеле ҷиддӣ ва муҳим дар ҷомеа, таъсиси сохтори нави идорӣ, бозсозии иқтисодӣ, истиқлолияти миллӣ ва эҳёи ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифтаанд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳайси захираи стратегии иҷтимоӣ эътироф кардани ҷавонон, ки ҳатто аз захираҳои табиӣ ва молиявӣ бартарӣ доранд, тақозои замон мебошад.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки аз мавқеъ ва ҳадафҳои иҷтимоии он аксарияти ҷавонони Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд, ворис ва давомдиҳандаи иқдоми неки наслҳои шарафманди ҷавонони Тоҷикистон буда, барнома ва ҳадафу мақсадҳои он дар тарбия ва ташаккули насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, таҳкими сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар саҳми назаррас гузоштааст.

Ҳадафи аслӣ ва асосии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон; мусоидат дар эъмори ҷомеаи демократӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, эҳёи арзишҳои суннатии миллӣ ва пуштибонӣ аз арзишҳои волои умумибашарӣ, бедор намудани ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандории ҷавонон буда, барои иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат ва ҷомеа мусоидат мекунад.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба хотири амалӣ намудани мақсаду маромҳои хеш нисбат ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ эҳтиром гузошта, аз дастовардҳои илму техникаи муосир моҳирона истифода менамояд.

Зимнан ёдовар мешавам, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар кишвари соҳибистиқлол, ки дар вазъи сангини таърихӣ қарор дошт, дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми назаррас гузошта, ҳамчун ниҳоди ягона ҳуқуқи пешбарии номзад аз номи кулли ҷавонони кишвар номзади арзанда ва маҳбуб Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои интихоб гардидан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 пешбарӣ намудааст.

Дар ин радиф, аз номи кулли ҷавонони кишвар пешниҳод гардидан ва ҳамасола таҷлил намудани рӯзи 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои наҷиби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихобот бозгӯи садоқатмандии онҳо баҳри рушди оянда ва босуботи Тоҷикистон мебошад.

Аз натиҷагирии фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хулоса намудан мумкин аст, ки бо дарназардошти тадбирҳои андешидашуда ва фароҳам овардани шароит баҳри устуворгардонии ин ниҳоди бисёр ҳам муҳим, ҳоло ҳам ҷиҳати пурра амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои Барномаи Иттифоқ моро мебояд тибқи талаботи қонунгузорӣ аз роҳу усулҳо ва ғояи нав фаъолиятро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоем.

Дар маҷмӯъ, имрӯз мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат бо иқдомҳои созанда ва барномаҳои воқеии худ ҷавонони кишварро ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуби ҳамаи мо чун ҳарвақта муттаҳиду сафарбар менамояд.

Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиданд.

Зеро Президенти маҳбуби кишвар бо фитрати сиёсатмадории хеш принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда Ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Дар баробари ин, ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд.

Танҳо ва танҳо бо қалб парастидани ҳар як зарра хоку гулу гиёҳи ин сарзамини муқаддас ва ҳисси беинтиҳову беназири ватандӯстӣ имкон медиҳад, ки бар зидди тамоми зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ истодагарӣ намоем, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро адо намуда, ҷомеаи худро ба пеш ба сӯи ободиву пирӯзиҳои нав устуворона равона созем.

Ҳамзамон дар аз ҷониби аъзоёни Анҷумани XIII якдилона муроҷиатнома цабул карда шуд, ки дар он қайд карда шудааст:

Мо ҷавонону варзишгарон, аъзоёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз таваҷҷуҳу дастгириҳо ва ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, аъзои фахрии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва роҳандозӣ намудани ташаббусу иқдомҳои насли ҷавони кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, бо иродаи матин иброз менамоем, ки мо зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвар, пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷон дар бадан дорем баҳри ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, якпорчагиву ягонагӣ ва осудагии миллати тоҷик талош менамоем.

Мо вакилони Анҷумани XII1 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон вобаста ба масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳуввияти миллии насли ҷавони кишвар, густариши рукнҳои давлатдории миллӣ ва татбиқи бомароми сиёсати созандаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар талош намуда, мекӯшем дар раванди созандагиву бунёдкорӣ дар Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

Мо ҷавонон ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонро пайваста дарк менамоем ва манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоламонро бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя месозем.

Мо ҷавонону варзишгарон, пайравони арзандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси мардонагӣ, шуҷоатмандиву далерӣ, матонату ҷасорат ва дӯст доштани Ватан – Модарро аз Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтем ва ин рисолати бузург ва дарси намунавиро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, талош менамоем, ки ба сокинону ҷавонони кишвар содиқонаву софдилона хизмат намоем.

Маҳз дар зери сиёсати оқилона ва ояндасози Пешвои миллат Тоҷикистон дар дунё худро воқеан давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуда, дар муддати кутоҳи таърихӣ аз кишвари гирифтори ҷанги таҳмилӣ ба як давлати ташаббускор дар ҳали мушкилоти байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Соли ҷорӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон маъракаҳои муҳими сиёсӣ ҷараён доранд, ки намунаи олии иродаи халқ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон татбиқкунадаи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар талош менамояд, ки зери шиори “Интихоби ман – ояндаи ман” дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намояд.

Ҷавонон бузургтарин нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, созандагони имрӯзу фардои Ватан ба шумор мераванд.

Имрӯз мо ифтихор аз он дорем, ки намояндаи ҷавони аҳли зиёи миллати куҳанбунёди тоҷик дар замони истиқлол ҳастем. Мо ифтихор аз он дорем, ки дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандона, созанда, бунёдкорона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат саҳми худро гузошта истодаем.

Ҷавонони мо имрӯз Ватанро дӯст медоранд ва ҳар ваҷаб хоки онро пос доштаву қадр менамоянд. Аз ин хотир Ватанро мояи ифтихор ва истиқлолияти давлатиро чароғи равшани роҳи худ барои рушди ояндаи кишвар интихоб намудаем.

Мо вакилони Анҷумани XII1 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, худро дар назди имрӯзу фардои кишвар масъул шуморида, аз тамоми ҷавонони кишварамон даъват менамоем, ки таҳти шиори «Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат» бо мо ҳамроҳ гардида, баҳри пешрафту рушди Ватанамон хизмат намоем.

Шараф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон! Шараф! Шараф! Шараф!

Мо ҷавонон ба Пешвои миллат содиқем! Содиқем! Содиқем! Содиқем.

На изображении может находиться: 10 человек, костюм, свадьба и в помещении

На изображении может находиться: 14 человек, люди стоят, костюм и в помещении

На изображении может находиться: 11 человек, костюм, свадьба и в помещении

На изображении может находиться: 6 человек, люди стоят, костюм, свадьба и в помещении

На изображении может находиться: 1 человек, в помещении

На изображении может находиться: 12 человек, в помещении

На изображении может находиться: 1 человек, в помещении

На изображении может находиться: 19 человек, в помещении

На изображении может находиться: 8 человек, люди сидят и в помещении

На изображении может находиться: 19 человек, люди сидят


12.02.2020 Нет комментариев