734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид

10 феврали соли 2020 дар маркази матбуотии  Агентии миллии “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 28 нафар хабарнигорон аз 16 муассисаҳои ВАО баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ иштирок намуда вобаста ба фоъолияти Кумита дар соли 2019 суханронӣ намуда, сипас ба саволҳои хабарнигорон ва журналистон посух гардониданд.

Раиси Кумита Раҳмонзода А.Қ. дар баромади худ зикр намуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонию инкишофи варзиш, фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар, Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумат, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва Низомномаи Кумита ба роҳ монда, дар натиҷаи амалӣ намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ, алалхусус ВАО дар самти татбиқи амалии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2019 як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Маврид ба зикр аст, ки шумораи ҷавонони аз 14 то 30 сола, ки самти кор бо ҷавонони кумита ба ин қишр нигаронида шудааст,  дар кишвар 3 миллиону 653 ҳазору 295 нафарро ташкил медиҳад, ки 1 миллиону 264 ҳазору 249 нафарри он ҷавондухтарон  мебошанд. Аз ин шумора, андаке зиёдтар аз 257 000 нафар дар макотиби олии кишвар, андаке зиёдтар аз 30 ҳазор нафар ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷ, аз он ҷумла, 107 ҳазору 129 нафар дар муассисаҳои ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ таҳсили илм намуда истодаанд. Ҳамасола андаке зиёдтар аз 150 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Бояд тазаккур дод, ки баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон, тарбияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни онҳо, тақвияти ҳисси эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ва баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон ва пешгирии омилҳои номатлуб дар миёни онҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Танҳо дар давоми соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ миёни ҷавонон аз ҷониби Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои системаи Кумита 1030 адад  чорабиниҳои сиёсӣ бо иштироки 168 324 нафар, 304 адад чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ бо иштироки 67 548 нафар, 8440 хонишҳои сиёсӣ, мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо фарогирии 1 394 571 нафар, 1412 аксияву ҳамоишҳо бо иштироки 501 748 нафар,  1065 семинар-тренингҳои омӯзишӣ бо иштироки 52 223 нафар, 993 конфронс ва мизҳои мудаввар бо иштироки 88 542 нафар, 160 курсҳои омӯзишии атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, попуридӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, забонҳои русиву англисӣ ва компютерӣ бо фарогирии 4957 нафар ва 1459 маротиба ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил ва баргузор гардиданд. 439 102 адад маводи иттилоотӣ таҳия ва дастраси ҷавонон карда шудаст.

 Дар ин ҳошия шанбегию корҳои созандагӣ низ доир карда шуда, аз ҷониби сохторҳои кор бо ҷавонон дар ин марҳила ба миқдори 289 797 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст, ки дар ин гуна маъракаҳо иштироки 217 683 нафар таъмин гардидааст.

Ҷиҳати бо кор таъмин намудани ҷавонон аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳаллии он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ чораҳои амалӣ андешида шуда, зимни вохурию дигар чорабиниҳои соҳавӣ ҷавонон барои машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул, аз он ҷумла  ба хоҷагидорию соҳибкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташвиқ карда шуданд. Инчунин, Кумита ва сохторҳои маҳалии он дар ҳамкорӣ бо шуъбаву бахшҳои Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тадбирҳои дахлдорро ҷиҳати таъмини ҷавонон бо кори доимию мавсимӣ амалӣ гардонида, 567 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор намуд, ки дар онҳо 38 079 ҷойи корӣ пешниҳод гардид.  Дар доираи татбиқи  ин тадбирҳо аз 93 917 нафар ҷавони барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуда, 14 112 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, бо мусоидати Кумита ва дастгирии сохторҳои соҳавӣ 8988 нафар ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани маърифату ҳувияти миллии шахсони корҷӯй ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо мавриди буду бош дар хориҷи кишвар дар давраи ҳисоботӣ 855 чорабиниҳои мухталифи омӯзишию иттилоотӣ баргузор карда шуд, ки дар натиҷа 81 658 нафар ба маълумотҳои зарурию саривақтӣ таъмин гардиданд.

 Бояд қайд намуд, ки таҳкими фаъолияти волонтёри дар кишвар бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои хайри ҷамъиятӣ яке аз самтҳои фаъолияти Кумита ва ниҳодҳои зертобеи он буда, хоҳиши ҷавонон ба ин гуна гуруҳҳо майли моро ба тақвияти чунин фаъолияти хайрҳоҳӣ афзун менамояд. Айни замон шумораи волонёрони расман  бақайдгирифташуда, дар кишвар 5210 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби онҳо дар давраи ҳисоботӣ  2272 адад чорабиниҳои маърифатию машваратӣ, омӯзишию илмӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ бо фарогирии 84 820 нафар ҷавонон баргузор карда шудаст.

Ёдовар бояд шуд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ду барнома Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои солҳои 2019 – 2021 ва Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 қабул гардидааст.

Дар соли сипаригардида дар доираи барномаҳои соҳаи кор бо ҷавонон дар умум 421 лоиҳаҳо бо маблағгузории 3 миллиону 662 ҳазору 400 сомонӣ татбиқ гардидааст.

Инчунин, ба 20 адад ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон аз ҷониби Кумита аз ҳисоби грантҳои Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаҳои Кумита ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ дода шудааст.

Дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ 9835 иншооти варзишӣ бо шаклҳои гуногуни моликият ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 122 адад варзишгоҳ, 6991 адад майдончаи варзишӣ, 1766 толорҳои варзишӣ, 88 адад ҳавзҳои шиноварӣ ва 791 ададашро маҷмааҳои махсуси варзишию фароғатӣ, амсоли толорҳои тирпаронӣ, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ ташкил медиҳанд.

Танҳо дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо шарофати сиёсати варзишпарваронаи роҳбарияти олии кишвар ва давлату ҳукумати мамлакат 358 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 варзишгоҳ, 310 майдонча, 41 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки барои сокинони кишвар хизмат расонида истодаанд.

Бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва таъмини оммавияти он, рӯ овардани аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солим дар қаламрави кишвар дар соли 2019 3221 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки 866 169 нафар, аз ҷумла 179 506 нафар бонувон баргузор карда шудаанд.

Бояд иброз намоям, ки фақат бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳалии он 2600 адад чорабинии варзишӣ бо фарогирии 633 941 нафар наврасону ҷавонон ва сокинони мамлакат, аз он ҷумла 141 099 нафар бонувон доир карда шудааст. Инчунин, 4371 мусобиқаҳои интихобии марҳилаи якум ва дуюм бо фарогирии 477 149 нафар, аз ҷумла 105 601 нафар бонувон, 194 мусобиқа ва чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки 9101 нафар варзишгар, аз ҷумла 1409 нафар бонувон доир карда шудааст.

Ҳамзамон, дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 9 маротиба чорабинҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардидааст, ки инҳо мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис 4 маротиба, 1 маротиба ниммарафони байналмилалии Душанбе-2019, як маротиба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ рӯмӣ, як маротиба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ ва ҳафтумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”  мебошанд.

Дар маҷмуъ аз ҷониби Кумита дар давоми соли 2019 25 690  адад чорабинӣ бо фарогирии 4 миллиону 61 ҳазору  601 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргузор карда шудааст, ки аз ин дар самти кор бо ҷавонон 18 ҳазору 525 чорабинӣ, бо фарогирии 2 миллиону 930 ҳазору 594  нафар ва дар самти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, 7165 чорабиниҳои варзиширо бо фарогирии 1,131 007 нафар наврасону ҷавонон ва сокинон, аз ҷумла 429 552 нафар бонувон ташкил додааст.

Омода сохтани варзишгарони касбӣ ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ яке афзалиятҳои фаъолияти кумитаро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, Кумита бо мақсади таъмини ҳадафҳои дар боло зикргардида, ҳамкориро бо федератсияҳои соҳавии варзишӣ дар асоси созишномаҳо тақвият бахшида, барои таъмини иштироки онҳо дар чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Дар натиҷаи татбиқи ин чораҳо, аъзоёни дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 аз намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпии варзиш дар ҳайати 917 нафар ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз қабили чемпионатҳои Осиё, Ҷоми Осиё, Ҷоми Аврупо, Гран При, Гран Слам ва дигар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар карда шуданд, ки 994 медал ба хазинаи варзиши мамлакат ворид намуданд. Аз ин миқдор 355 ададади онро медали тилло, 250 адад нуқра ва 389 тои онро медали биринҷӣ ташкил медиҳанд.

Аз он ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ 140 нафар бонувони варзишгари кишвари мо дар 50 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби  172 медали мусобиқаҳои байналмилалӣ гардидаанд. Аз ҷумла 67 медали тилло, 40 медали нуқра ва 65 медали биринҷӣро ташкил додааст.

 Бояд зикр намуд, ки медалҳои болозикр аз 15 намуди олимпии варзиш ва 19 намуди ғайриолмипии варзиш ба даст оварда шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки 994 маротиба дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Парчами давлатӣ баланд бардошта шуда, 355 маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст.

Ин натиҷаи он аст, ки имруз аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, хосса аз лиҳози модию молиявӣ дастгирию ҳавасманд намудани варзишгарон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Чунончи дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015 таҳти рақами 328 “Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 6 маротиба амрҳои Президенти кишвар қабул гардида, 180 нафар варзишгарони мамлакат дар умум ба маблағи 3 793 500 сомонӣ ҳавасманд гардонида шудаанд, ки аз ин миқдор танҳо дар соли 2019 42 нафар варзишгарони муваффақи кишвар бархурдор ва ба миқдори 911 250 сомонӣ ҳавасманд карда шудаанд.

Дар натиҷаи баргузор намудани 5 ҷаласаи комиссияи унвондиҳии Кумита 739 нафар бо унвони номзади устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 150 нафар бо унвони Устоди варзиш ва 39 нафар бо унвони Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шудааст. Инчунин, 13 нафар бо унвони фахрии мурабии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 17 бо унвони кормандаи шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Кумита дар самти муносибатҳои байналмилалӣ 41 Созишнома, 23 Ёддошти тафоҳум, 1 шартнома, 1 пешнависи ҳамкорӣ ва 1 барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо дигар вазорату идораҳои дахлдори хориҷи кишвар ба имзо расидааст. Аз он ҷумла дар соли 2019 1 созишнома ба имзо расида, 16 созишнома дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, 3 ёддошти тафоҳум ба имзо расида, 12 ёддошти тафоҳум дар ҳоли баррасӣ қарор доранд. 11 – Нақшаҳои муштараки ҳамкорӣ дар баррасӣ қарор дошта (1-Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид ва 1 Нақшаи муштараки ҳамкорӣ тасдиқ гардид), дар ин давра роҳбарияти Кумита дар 20 – вохӯриву чорабиниҳо ва 7 – ҷаласаҳои байниҳукуматӣ иштирок ва намояндагӣ кардааст.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои Хукумати кишвар чораҳои зарурӣ андешида, тасмим дорад, ки фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани маърифати ахлоқиву ватандӯстии ҷавонон ва оммавигардонии варзиш, алалхусус дар маҳал бо ҷалби ҷавонони деҳот тақвият бахшад.

Кумита дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ ва ВАО дар самти татбиқи амалии сиёсати сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2018 27198 чорабинӣ бо фарогирии 5,442821 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргузор намудааст, ки дар самти кор бо ҷавонон 18217 чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангиву маърифатӣ, омӯзишию илмӣ, сиёсию иттилоотӣ бо фарогирии 2871712 нафар наврасону ҷавонон ва дар самти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила оммавигардонии варзиш 8981 чорабиниҳои варзишӣ бо фарогирии 2062274 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 413339 нафар бонувон амалӣ гардонида шуд.

Дар охири ҷаласа ба ҳамаи иштирокчиён, алалхусус намояндагони ВАО барои ҳамкорҳои муттақобилан судманд изҳори сипос намуданд.


10.02.2020 Нет комментариев