734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


АВВАЛИН МАШҚҲОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАГОҲИРӮЗӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЗЕБОӢ, ТАВОНОӢ ВА ДОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ” ДАР СОЛИ 2020

На изображении может находиться: 4 человека, люди стоятДар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №252875(26.7) ҷиҳати иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2020 таҳти шиори “Зебогӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни наврасону ҷавонон ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи варзиш эълон шуда, санаи 8 феврал аввалин машќҳои пагоҳирӯзӣ шурӯъ гардид.

Бояд қайд намуда, ки машқҳои пагоҳирӯзӣ дар боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишии кишвар ташкил ва баргузор мегардад.

Барои расман оғоз намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ дар соли 2020 имрӯз дар саҳни боғи фарҳангӣ фароғатии «Ҷавонон» бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло бо Суруди миллӣ оғоз гардид.

Раиси Кумита дар суханронии худ қайд намуд, ки варзиш беҳтарин воситаи беҳдошти солимии ҷомеа, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ, қосиди сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати инсонҳо ба ҳисоб рафта, он ҷузъи муҳими зиндагии ҳаррӯзаи мардум мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсадноку пайваста баҳри машғул шудани наврасону ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила муҳайё намудани шароитҳои созгори инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон дар сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хосро касб намудааст.

Мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣва ташаккули ҷисмониву маънавӣ, ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд.

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди стоят, небо, свадьба, обувь и на улице

Ҳамасола дар заминаи амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардидаанд ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеа ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ “Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ” эълон шуда, аз ҷониби сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита ҳар рӯзи шанбе дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷойҳои мусоид барои машқҳои пагоҳирӯзӣ, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва назди хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, бо ҷалби кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо љалби аҳолӣ, алалхусус ҳаводорони таҳкими тарзи ҳаёти солим машқҳои пагоҳирӯзӣдоир карда мешаванд.

Боиси қайд аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ соли 2019 дар қаламрави кишвар 3221 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ бо ҷалби 866169 нафар, аз ҷумла 179506 нафар бонувон баргузор гардиданд.

На изображении может находиться: 1 человек, стоит и на улице

На изображении может находиться: 5 человек, люди стоят, толпа, свадьба и на улице


08.02.2020 Нет комментариев