734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ПАЁМ – ҚУТБНАМОИ ИМКОНИЯТҲО, ТАҲКИМГАРИ НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

Ироаи Паёми навбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат Маҷлиси Олӣ санаи 26 декабри соли 2019 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун барномаи мукаммалу мушаххас бо натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мамлакат арзиши гарону камназири давлатдориро дар замони муосир соҳиб мебошад.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон самтест, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бори дигар нақши ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи давлат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни  ироаи Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таъкид гардид.

Дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 257 ҳазор нафар ҷавонон, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти касбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд.

Мушоҳидаи баръалои иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакат дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва корҳои бунёдкориву созандагӣ, афзоиш ёфтани сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ, шоистаи таҳсин будани саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар – Ватан, хизмати содиқонаи онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, нақши бузург бозидани онҳо дар ҳимояи сарҳади давлатӣ нуктаҳои эътимодӣ ва сипосмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш нисбати ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

  Ҳамзамон вазифагузориҳо нисбат ба таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” дар таҳрири нав ба хотири таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон дар доираи фаҳмиши “қутбнамои имкониятҳои ҷавонон”, дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон идомаи сиёсати мантиқӣ, дурбинона ва дар асл санҷидашудаи роҳбарияти олӣ ва сиёсии кишвар нисбат ба ҷавонон мебошад.

Нуктаҳои муҳими Паём нисбат ба ҳаёти мо ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи созандаи ҷавонон эътимоду боварии комил дошта, нақши ҷавононро дар пешрафти тамоми соҳаҳо ва ояндаи босуботи кишвар муассир медонад.

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат барои мо ҷавонон зимни дарёфти роҳ ба сӯи саодатмандии ҳаёт дар замони муосир ҳамчун дастурамали мукаммалу мушаххас ба ҳисоб меравад.

Мо ҷавонон бо як ҷаҳон таассуроти нек аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар мавқеи худро дар тамоми соҳаҳо хуб дарк намуда, ибрози онро менамоем, ки аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олӣ ва сиёсии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо ҷонибдорӣ намуда, тамоми нерӯи созандаи худро бобати ҳифзу ҳимоя, пешрафту гулгуншукуфоии Тоҷикистони азиз сафарбар хоҳем кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

ТОИРЗОДА Суҳроб Тоир

ҷавони фаъол аз ноҳияи Данғара


29.01.2020 Нет комментариев