734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни ҷавонону калонсолон

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзишӣ дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2020 аз санаи 1 то 2 феврали соли 2020 дар базаи лижаронии “Сафед – Дара”  доир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олипии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногуни варзиш инфрасохтори зарурӣ бунёд гардида, барои варзишгарону мураббиён шароити муосир маҳайё гардидааст.
Вобаста ба рушди намудҳои зимистонаи варзиш аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзишӣ барои рушди ин намудҳои варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҷиҳати машқу тамринҳо ва омӯзиши паҳлуҳои ин намудҳои варзиш барои варзишгарону мураббиёни муассисаи давлатӣ бо тамоми шароити замони муосир ба роҳ монда шудааст.
Умед аст, ки дар оянда ин варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ шарафи миллати тоҷикро ҳимоя намуда, Парчами давлатии кишвари азизамонро дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ боло мебардоранд.


28.01.2020 Нет комментариев