734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар қатори ҳама Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пушти миз нишаста, бо зиндониён ғизо хӯрданд ва бо чанде аз маҳбусон муколама оростанд. Аз аҳволу саломатӣ, вохӯрӣ бо оилаҳо, хешу табор ва сифати хӯрок пурсон шуданд.

25 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузошта, зиёда аз 20 ҳазор нафарро авф карданд. Ин авфи якуму даҳуми Эмомалӣ Раҳмон нест. Зеро сарвари давлати мо пайваста аз ҳолу аҳволи зиндониён бохабаранд ва зимнан пайваста ба ишон гузаштҳо мекунанд. Воқеан кам иттифоқ меафтад, ки президентҳо ба зиндон рафта, аз ҳоли раъият хабар гиранд. Президенти мо меравад! Ва матлаби фавқ дар ҳамин бора қисса мекунад. Мо Метавонем!

Тирамоҳи соли 2000-ум. Дар ҳуҷраи корӣ суҳбат доштам, ки занги телефони ҳукуматӣ баланд гашт. Гӯширо бардоштам, аз он сӯ садои ошнои сардори Хадамоти муҳофизаи Президент Мурод Саидов баланд шуд. Ӯ фаҳмонд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад ба яке аз маҳбасхонаҳои кишвар ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи маҳбусон, шароити будубоши онҳо, аз тартиботи ҳабсхона огоҳ ва бо маҳбусон суҳбат намояд. Акои Мурод афзуд, ки муҳтарам Президент мехоҳанд аз ҳисоби маблағи шахсии хеш барои маҳбусон оши хайрия диҳанд. Ба ростӣ аз шунидани ин хабар даступохӯрда шудам. Зеро тайи фаъолияти корӣ дар мақомот бори аввал мешунидам, ки Сарвари давлат ба маҳбас ташриф биёранд. Он замон вазъи маҳбасҳо қариб 1 хел буд. Тартиботи дохилӣ, тозагӣ ва таъминоти маҳбусон бо cарулибос ва ғизо дар ҳолати нағз қарор дошт. Ба хулоса расидем, ки муассисаи № 7 (ҳоло 4) – ро интихоб намоем. Зеро масоҳати ин маҳбас васеъ ва аз маркази шаҳри Душанбе дар масофаи начандон дур воқеъ гардида буд.

Хулосаи қарорро ба Мурод Саидов хабар додам, ки кадом муассисаро интихоб намудем. Мавсуф шумораи маҳбусон ва кормандони муассисаи мазкурро ҷӯё гашт. Он давра дар ин муассиса қариб 2 хазор маҳбус буд. Саидов хоҳиш намуд, ки қатъи назар аз шумораи умумӣ, номгӯй ва миқдори маҳсулоти зарурии оши палавро муайян ва ба ӯ хабар диҳам.

Оши президентӣ дар маҳбас

Сардори муассисаи мазкур Давлат Раҳимовро (равонашон шод бод) даъват намуда, ӯро вазифадор кардам, ки миқдор ва номгӯи маҳсулоти оши палавро барои 2000 нафар тартиб диҳад. Рӯйхати маҳсулотро омода ва ба М. Саидов расондам. Мавсуф таъкид кард, ки маҳсулотро то бегоҳ ба муассиса мерасонанд. Ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи нақша соати 8 – и пагоҳии рӯзи дигар муқаррар гардид. Баъди чошт, назди вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ  зиндаёд Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов рафта, ӯро аз ин боб огоҳ сохтам. Ҳарчанд Вазир аз ин ҳол хабардор будааст, боз ҳам дар ташвиш афтода, гуфтанд, ки дар ҳабсхона ҳама ҷинояткоронанд, боз ягон ҳодисаи нохуш рух надиҳад ва маслиҳат доданд, ки гирду атрофи муассиса ва дохили онро бо сарбозону афсарони посдор таъмин созам. Ҳомиддин Ҳасановичро бовар кунондам, ҷинояткорон дар берун хатарноканд. Дар дохил бехавфанд, зеро сиёсати ҷазо ва муҳити маҳбас ба онҳо таъсири зиёд дорад.

Дар омади гап хотиррасон намудам, ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф, нотарсона барои гуфтушунид бобати сулҳи тоҷикон ба Хусдеҳи Афғонистон сафар карда, бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва мухолифон вохӯрданд. Гуфтушунидро хуб ба анҷом расонда, бо сари баланд ба Ватан баргаштанд. Чӣ расад ба зиндониён…

Сабоҳи дигар, вақте ки ба муассиса омадем, М. Саидов, аллакай, маҳсулоти ошро оварда будааст. Сардори маҳбас  Давлат Раҳимов дар 11 деги калон ба пухтани ош такудав дошт. Ошпазҳо аз ҳисоби маҳбусон интихоб гардиданд.

Ҳамроҳи Ҳ. Шарифов ва муовини вазир А. Ғ. Ғозиев вазъи дегҳо, сарулибоси ошпазҳо ва гирду ванаро аз назар гузарондем. Ҳамаи ошпазҳо бо хилъатҳои сафед ва калапӯшҳо таъмин буданд…

Меҳмони олиқадр ва зиндониён

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳон вақти муайянгардида ба муассиса ташриф оварданд. Бо ворид шудани муҳтарам Президент гузориш додам, ҳама ором, ягон ходиса рух надодаву ҳайати шахсӣ ва маҳбусон Шуморо интизоранд.

Аҳли кормандон ва маҳбусон Сарвари давлатро хуб пешвоз гирифтанд. Эшон бо ҳайати шахсӣ шинос шуда, бо маҳбусон вохӯрда, суҳбати самимӣ оростанд. Баъдан, аз ҷойи хоби маҳбусон, сехҳо, ҷойҳои кории онҳо ошноӣ пайдо намуда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи маҳбусонро аз назар гузаронданд. Аз тозагии муассиса, тартиби хобгоҳҳо ва аз маҳсулоти онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Баъди тайёр шудани оши палав, ҳайати шахсӣ ва маҳбусонро ба хӯрокхӯрӣ даъват намудем.

Дар қатори ҳама Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пушти миз нишаста, бо зиндониён ғизо хӯрданд ва бо чанде аз маҳбусон муколама оростанд. Аз аҳволу саломатӣ, вохӯрӣ бо оилаҳо, хешу табор ва сифати хӯрок пурсон шуданд.

Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов, ҳайати шахсӣ, хуллас, ҳама дар тааҷҷуб мондем. Дар гӯшаи хаёл надоштем, ки дар умри хеш шоҳиди чунин ҳол мегардем. Аз одаму одамгарӣ, сахопешагӣ, мусалмонии Сарвари давлат, ғизохӯриашон бо маҳкумшудагон ҳам дар ҳайрат будему ҳам мамнун гаштем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб медонистанд, ки маҳбусон ҳам 1 қисмати халқи кишваранд. Онҳо чанд муддат пас ба озодӣ баромада, ба Ватани худ хизмат менамоянд.

Бо чашми сар дидам, ки аз дидаи қисмате аз зиндониён ашки шодӣ мерехт. Бар он бовар будам, ки як умр ин лаҳзаро фаромӯш намесозанд. Ба наздикону ошноҳо оянда қисса мекунанд, ки Сарвари давлат ба онҳо дар суҳбат шудаву ҳамроҳ бо онҳо ғизо хӯрдааст. Дар ин лаҳзаҳо мардонагӣ ва хоксории Пешвои миллатро эҳсос менамудам. На ҳар Сарвари давлат ё шахси олимартаба ҷасорат карда, аз чунин ҷойҳои хавфнок хабар мегирад.

Даъват аз маҳбусон: ба оила баргардед!

Пас аз суҳбату шиносоӣ, муҳтарам Президент супориш доданд, ки рӯйхати 10 нафар маҳбусони боинтизом ва дар корҳои ҷамъиятии муассиса пешқадамро барои авф пешниҳод намоем. Барои иҷрои ин амр ҷамъомади умумии  ҳайати шахсӣ ва маҳбусонро доир кардем. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз ним соат бо маҳбусон суҳбат ороста, даъват ба амал оварданд, ки боинтизом бошанд, ба вайронкунии  тартиботи дохилӣ роҳ надиҳанд ва ҳукми ҷазоро адо намуда, ба назди зану фарзанд, волидон ва хешу табор баргарданд ва баҳри ободии Ватан софдилона саҳм бигиранд.

Баъд, Президент аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода бурда, бо фармони вежа ҳамон 10 нафар маҳбусеро, ки мо пешниҳод карда будем, оҷилан авф намуданд. Онҳо ҳамон рӯз аз маҳбас озод шуда, ба хона рафтанд. Дар байни онҳо 4 тан аз мухолифин ҳам буд.

Ин амали шоиста бори дигар аз раиятпарварӣ ва ғамхории Президенти мамлакат дарак медод…

Ягон президенти дигар чунин рафтор накардааст!!!

Аз он рӯз пас, ба фикр фурӯ рафтам, ки оё президентҳо, сарварони давлатҳои  дунё низ ба маҳбасхонаҳо ташриф меоварда бошанд ва аз маблағҳои шахсии худ ба маҳбусон оши хайрия ва дар рафти сафар чанде аз маҳбусонро авф мекарда бошанд? Чандин рӯз ба ҳуҷҷатҳои бойгонии Раёсати корҳои ислоҳии ҷумҳурӣ рӯ овардам. Ба китобҳо ва мақолаҳои зиёде, ки оид ба корҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нашр гардидаанд, шинос шудам, вале дар ҳеҷ 1 маъхазе бобати чунин ташрифе аз ҷониби сарварони давлате ба маҳбасхонаҳо вар нахӯрдам.

Дар рафти фаъолияти корӣ ба ҳайси сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ) ба якчанд мамлакат – Австрия, Полша, Венгрия, Чехия, Словакия, чанд маротиба ба Федератсияи Россия сафари хизматӣ доштам. 4 бор аз Арабистони Саудӣ низ дидан намуда, аз кормандони соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва полиси он давлатҳо пурсон мешудам, ки «Оё Сарвари давлати шумо ба маҳбас ташриф меорад ва бо маҳбусон суҳбат мекунад?». Дар посух ҳамеша ҷавоби рад мешунидам. Онҳо мегуфтанд, ки ин амали Сарвари давлати шумо беназир аст.

Дар интиҳо бисёр мехостам, ки ин таърих, ташриф, саховатмандиву ғамхории Сарвари муаззами давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонаӣ шавад. Зеро то имрӯз аз ин хусус сокинони кишвар чизе нашнидаву нахондаанд. Ҳол он ки суханони ин ҷониб ҳавоӣ набуда, ташрифи фавқуззикр дар тасмаи видео сабт гаштааст. Бигузор, аз ин рафтори наҷиб, ҷавонмардии Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакат ва хориҷ аз он огаҳӣ дошта бошанд. Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

 

 

 

Мирзомиддин  ЗИЁЕВ, 

полковники мустаъфӣ,

собиқ сардори Раёсати      

корҳои ислоҳии ВКД ҶТ

7.1.202

Маълумот аз Рӯзномаи “СССР” инъикос карда шудааст. (http://cccp.tj/tj/component/k2/item/6850-kadami-tarihi.html)


23.01.2020 Нет комментариев