734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар Душанбе китоби нав дар бораи корномаи Пешвои миллат чоп шуд

 Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нави соҳибкори фозилу донишманди мамлакат Акрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт» ба забони тоҷикӣ чоп шуд.

Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар тамоми арсаҳои зиндагӣ мебошанд. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллат ҳастанд, метавонанд барои такомули фард – ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд – нақши бузург ифо намоянд.»

Ин китобро, ки барои доираи васеи хонандагон таълиф шудааст, аз сомонаи интернетии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дуконҳои китоби пойтахти кишвар метавон пайдо кард.


14.01.2020 Нет комментариев