734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар Душанбе Чемпионати CAFA оид ба футзал миёни духтарон доир мегардад

Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аз 24 то 29 январ дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола баргузор мегардад.

Дар чемипионат 6 дастаи мунтахаб аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд. Дар доираи Чемпионати CAFA-2020 миёни духтарони то 19-сола ҳамагӣ 15 бозӣ баргузор мешаванд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Дар мусобиқа Тоҷикистонро дастаи мунтахаби бонувони ҷавон оид ба футзал бо роҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев намояндагӣ мекунад.

Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола

Даври 1-ум

24 январ (ҷумъа)

Эрон – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Афғонистон

Ӯзбекистон – Туркманистон

Даври 2-юм

25 январ (шанбе)

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Ӯзбекистон – Қирғизистон

Эрон – Афғонистон

Даври 3-юм

26 январ (якшанбе)

Туркманистон – Эрон

Афғонистон – Ӯзбекистон

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4-ум

28 январ (сешанбе)

Қирғизистон – Туркманистон

Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Ӯзбекистон – Эрон

Даври 5-ум

29 январ (чоршанбе)

Туркманистон – Афғонистон

Эрон – Қирғизистон

ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

Тавзеҳ: Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.


09.01.2020 Нет комментариев