734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АБДУЛЛОЗОДА АҲТАМ РУСТАМ БО АҲОЛӢ ВА ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒАЗАНТАРАКИ НОҲИЯИ ДЕВАТИЧ

         Санаи 6 январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам бо аҳолӣ ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Ғазантарак вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам доир ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад намуданд.
   Муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш суханронии худро аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон иброз доштанд, оғоз намуд “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад”, сипас доир ба ба истифодаи оқилона ва самараноки об, замин ва барқ, дар як сол гирифтани 3-4 ҳосил, баланд бардоштани сифати таълим, ташкили олимпиадаҳои фаннии илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бунёди муассисаҳои таълимию томактабӣ, бунгоҳҳои саломати майдончаву толорҳои варзишӣ, кошонаи хусн, сартарошхона ва ҳаммоми замонавӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба китобхонӣ ва дигар нуктаҳои асосии Паём ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.


08.01.2020 Нет комментариев