734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти солонаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд

Санаи 7-уми январи соли 2020 дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳтам Абдуллозода ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти солонаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур мудирони бахшҳои кор бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳо ва директорони мактабҳои варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Чорабиниро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Каримзода Мирзоқосим ҳусни ифтитоҳ бахшида, бобати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилоят гузориши муфассал дод.

Қайд  карда шуд, ки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар доираи эълони солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 баҳри таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, амалигардонии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди инкишофи варзишро тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, иттилоотиву маърифатӣ, омӯзишӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, илмию амалӣ ва варзишию солимгардонӣ  дар доираи санадҳои танзимкунандаи соҳа фаъолияти худро ба роҳ монда, дар соли 2019 аз ҷониби Раёсат  дар якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллӣ ва дигар ташкилотҳо вобаста ба таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва баланд бардоштани мавқеи устувори онҳо ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ва фарзандони баору номуси Тоҷикистон соҳибистиқлол дар маҷмуъ 5466  чорабинӣ бо фарогирии  515 673 нафар наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа баргузор карда шудааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ 2634 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон дар вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 45 варзишгоҳ, 1817 майдончаи варзишӣ, 558 толорњои варзишӣ, 33 њавзњои шиноварӣ ва 181 маљмаањо, иншооти махсуси варзишӣ аз ќабили тир, боулинг, фитнес ва клубњои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, давоми соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ 116 иншооти варзишӣ, аз ин 17 толори варзишӣ, 97 майдончаи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 13 миллиону 361 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 26 миллиону 650 ҳазору 633 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд – зикр намуд, Мирзоқосим Каримов дар баромади худ.

Сипас, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳтам Абдуллозода фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдро ба риштаи таҳлил кашида, вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дастур дод. Мавсуф бобати дастгириҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гашта, қайд намуданд, ки ҳар як ҷавон ва варзишгар бояд ҷавобан ба ҳаммаи дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дучанд меҳнат намуда, барои пешравии Тоҷикистони азизамон сайю кӯшиш намоянд.

Ҳамзамон, барои боз ҳам тақвият бахшидан дар самти кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва ба бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, мактабҳои варзишии вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 


08.01.2020 Нет комментариев