734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат

         Имрӯз дар доираи таҷлили  Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб” маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” доир гардид.

        Дар мусобиқаи мазкур 15 дастаҳои футболи ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, волонтёрони сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилоти системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамзамон волонтёрони яқ қатор муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, аз ҷумла дастаи ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, дастаи волонтёрони “Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи И.Сомонӣ”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ”, дастаи волонтёрони “Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе”, дастаи волонтёрони “Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодии Тоҷикистон”, дастаи волонтёрони “Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон”, дастаи волонтёрони “Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат” ва дастаи волонтёрони “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон”  иштирок намуда, дастаи  волонтёрони “Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат”  ҷои сеюм, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи И.Сомонӣ” ҷои дуюм ва дастаи волонтёрони “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” ҷои якум ва соҳиби Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” гардид.

                 Ҳамзамон дар наминатсияҳои “Дарвозабони беҳтарин” – Каримов Меҳроҷ, “Беҳтарин бозингар” – Набиев Ҷаҳонгир ва “Беҳтарин голзан” – Шарифзода Умед муайян гардид.

             Мавриди зикри хос аст, ки дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш аз ҷониби волонтёрон чорабиниҳои зиёд доир карда мешаванд. Яке аз чорабиниҳое, ки байни волонтёрон ва ҷавонон маъмул гаштааст, чорабинии варзишии “Ҳаёти солим бо варзиш” мебошад, ки ҳар ҳафта дар  рӯзҳои истироҳатӣ баргузор мегардад. Дар доираи он машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки чемпионҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ба роҳ монда, пас аз он бозии дӯстонаи футбол байни волонтёрон гузаронида мешавад.

            Дар ҷамъбасти мусобиқа аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам ба  ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

  


04.12.2019 Нет комментариев