734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Аз миллату аз забони худ ёд кунед!

Имрӯз бо ташаббуси волонтёрони фаъоли маҳфили “Адибони ҷавони навқаламу эҷодкор”-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи адабӣ – фарҳангии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким – барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ таҳти унвони “Аз миллату аз забони худ ёд кунед!”дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бо иштироки васеи шоирону нависандагон, сарояндагону ҷавонони эҷодкор ва аҳли илму адаб, аз ҷумла, Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон, Давлатманд Холов, Аслиддин Низомов, Ортиқ Қодир, Сайидалӣ Маъмур ва дигарон баргузор карда шуд.

         Дар чорабинии мазкур, зиёда аз 500 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ширкат варзида, бо ашъори ин шоири ширинкалом шинос гардиданд.

         Лозим ба ёдоварист, ки баргузории ин гуна маҳфилҳои адабӣ бори аввал набуда, пайваста аз ҷониби Кумита бо мақсади баланд бардоштани савияи китобхонии ҷавонону наврасон, рӯй овардан ба ашъори шоирони классику муосир маҳфилҳои адабӣ – ҳунарӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

 


03.12.2019 Нет комментариев