Субҳи рӯзи 23 ҳайати расмии ҷавонони Ҳиндустон, ки дар доираи баргузории аввалин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ба шаҳри Норак бо мақсади боздид аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ошноӣ аз Неругоҳи барқии Норак сафар намуданд.
Дар даромадгоҳи шаҳри Норак меҳмонони олиқадрро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва дигар шахсони расмӣ бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 21 то 27 сентябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон поянда бод” баргузор гардида истодааст.
Дар доираи баргузории Форуми мазкур меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва мадании мамлакати мо дидан намуда, вобаста ба амалигардонии ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон мубодилаи афкор хоҳанд намуд.