734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


«Доштани Артиши миллӣ далели оромиву осудагии давлат аст»

Ҳамасола 23 феврал мардуми шарифи тоҷик солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷашн мегиранд. Вобаста ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН бо муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо НАЗАРЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Мусаллам аст, ки ягон давлат бе таърих, фарҳанг ва Артиши миллӣ арзи вуҷуд карда наметавонад. Дар ин радиф нақши ҷавонон дар таҳкми давлатдорӣ ва хизмат ба Ватан басо бузург мебошад. Андешаи Шумо дар ин хусус…

Р.Назарзода: Албатта, агар таъриху фарҳанг нишонаи ҳастии давлат бошанд, пас доштани Артиши миллӣ гувоҳи оромиву осудагии давлат мебошад ва дар ин замина барои пойдории Қувваҳои мусаллаҳ ҷавонон саҳми бориз доранд. Зеро Ватан – ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангида, хун рехта, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд.
Ватан – ин ҳамон қаламравест, ки мо баъди аз батни модар ҷудо шудан дар қолини махмалинаш ғалтидаву хеста, калон мешавем, аз меваҳои шаҳдбор, обҳои зулолаш нӯши ҷон мекунем, аз дастурхони пурнозу неъматаш сарфи ғизо менамоем, аз «тиллои сафедаш» пероҳани арӯсӣ ва ҷомаи домодӣ медӯзем. Ватан – ин ҳамон қаламравест, ки нону намакаш ба мо ақлу ҳуш, дилу ҷон ва нури имон ато мекунад.
Ба ҳамин хотир ин сарзаминро мо Модар-Ватан мехонем ва онро муқаддас мешуморем. Мо барои ин ганҷи муқаддасро ҳифзу нигаҳбонӣ кардан бояд ҳар лаҳза, ҳар дақиқа, ҳар шабу рӯз омода бошем. Ҳамин омодагиро ба мо тарбияи ҳарбӣ — ватанпарастӣ ато мекунад. Ба ин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ҳарбӣ — ватанпарастии ҷавонон, ки ояндаи Истиқлолияти миллию давлатӣ, ояндаи шукуфоӣ ва ободии мамлакат, ҳифзи нангу номус дар дасти онҳост, ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Тавре Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Ватан дар баробари Модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бе сарнавишт ва бе қурбу манзалат аст».
Бесабаб нест, ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанӯз аз даврони ориёиҳо зуҳур карда, дар китобҳои «Авесто» ва «Маҳабҳарата» тавсифу ситоиш шудаанд. Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии Ватани аҷдодӣ аст.

АМИТ «Ховар»: Артиши миллии Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки мамлакат ба гирдоби нобасомониҳо мубтало гашта буд. Дар 27 соли арзи ҳастии худ ин ниҳоди муҳими давлатдорӣ ба чӣ дастовардҳо ноил гардид?

Р. Назарзода: Дар аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сохтори алоҳида фаъолияти комил надошт. Дар баробари ин, дигар сохторҳои низомӣ ва қудратӣ ба фалаҷ гардида буданд.
Дар ин асно, таъсиси Артиши миллӣ ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди он асос гузошта, сарбозони шуҷои Ватан арзишҳои миллиро содиқона муҳофизат намуданд.
Бо ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми ҷумҳуриро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст.
Хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар тӯли 27 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва сохтори конститутсионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд.
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо Қувваҳои мусаллаҳи хеш чун неруи тавоно ва таъмингари ҳаёти осоишта ифтихор мекунад.
Ҳоло барои он ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, насли ҷавони имрӯза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёр онро самимона дӯст дорад, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намояд.
Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ сабаб гардиданд, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба хизмати Ватан ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд гардид ва ин нишони баланд рафтани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад. Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашанд ва бо эътимоди комил, дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймоянд.

АМИТ «Ховар»: Чун аз зиёд шудани сафи ҷавонони ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастшуда ҳарф задед, мехостем донем, ки нақши ҷавононро ҳамчун сарбози ихтиёрии неруи пешбарандаи ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Р. Назарзода: Дар радифи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат, дарвоқеъ имрӯз ҷавонон ҳамчун неруи пешбар ва созандаи ҷомеа ба Ватани худ содиқона хизмат намуда истодаанд. Мо итминон дорем, ки насли ҷавони мамлакат дар кори ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу осоиши мамлакат аз худ масъулиятнокӣ зоҳир менамоянд. Корнамоиҳои беҳамтои ҷавононро дар барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ махсусан зикр карда, бар он мутмаинем, ки онҳо ҳамчун қувваи бузург қодиранд дар ҳалли тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми назаррас гузошта, дар такмили Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи боэътимоди Сарҳади давлатӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳм гиранд.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт-ин хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафҳои артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси гузаштагони номовари мост.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки барои ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ чӣ корҳоро бояд анҷом дод ва онҳоро дар кадом рўҳия тарбия намуд?

Р. Назарзода: Гуфтан бамаврид аст, ки дар радифи тадбирҳои андешидаи ҳамаи вазорату идораҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандӯстиву худшиносӣ, ифтихори ватандориву эҳтироми муқаддасоти миллӣ тадбирҳои муҳиму зарурӣ амалӣ гашта истодаанд.
Дар ин самт имрӯзҳо Кумита бо мақомоти қудративу низомии мамлакат бо тасвиби нақшаҳои муштарак бевосита бо баргузории чорабиниҳои гуногун миёни сарбозону афсарони ҷавон мусоидат менамояд.
Ҳамчунин ҷиҳати тарғибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешаванд, ки ба ин васила сафи ихтиёриён хеле зиёд шуда, ҷавонони саодатманди диёр бо итминони комил ва эҳсоси масъулияти баланди инсонӣ барои хизмати Ватан – Модар омодагии хешро изҳор менамоянд.
Итминони комил дорам, ки насли имрӯзаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз мактаби бузурги ҷавонмардӣ, худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи комили содиқ будан ба ин сарзамини биҳиштосо, ҳифзи манфиатҳои миллии он ва хизмат ба модари ягонаву мушфиқи мо — Тоҷикистони азизро омӯхта, софдилона дар роҳи пояндагии он қадамҳои устувор мегузоранд.


22.02.2020 Нет комментариев