734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


«БУВАД ҲАР НУҚТАИ ДЕВОНИ ҲОҶӢ ОЛАМИ ҲАЙРАТ…»

«БУВАД ҲАР НУҚТАИ ДЕВОНИ ҲОҶӢ ОЛАМИ ҲАЙРАТ…»

Таҳти ҳамин унвон имрӯз аз ҷониби «Маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи адабӣ — фарҳангии театрикунонидашудаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар толори Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов бо иштироки васеи адибони ҷавон, ҳунармандони маъруфи кишвар ва пайравону дӯстдорони эҷодиёти шоир ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар қисмати аввали чорабинӣ ҷавонони ҳунарманд аз ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти шоир саҳнаи театриро омода намуда, манзури бинандагон гардониданд.
Дар қисмати фарҳангии маҳфил ҳунармандон, пайравон ва сарояндагони маъруфи кишвар ба монанди Давлатманд Хол, Чилахон Холов, Баҳриддин Беков, Афзалшо Шодиев ва оилаи Раҷабовҳо аз эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн баромад намуданд.
Дар раванди чорабинӣ зиёда аз 15 ғазалу рубоӣ, мухаммасу мусаддас, мусалласу қасидаҳо аз эҷодиёти шоир қироат карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ сараввал, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, профессор — доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов ва ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ суханронӣ намуданд ва ҳар яки он ба аҳли эҷоди барномаи мазкур барои дар сатҳи баланди ташкили баргузор намудан изҳори сипос намуданд.


07.02.2020 Нет комментариев