734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


ФУТЗАЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Малайзия ғолиб омад

Шоми  дирӯз  бозии даври охирини Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020 байни дастаҳои   мунтахаби футзали   Тоҷикистон ва  Малайзия баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин вохӯрии ҷолиб футзалбозони тоҷик рақиби  худ- дастаи мунтахаби  футзали Малайзияро бо ҳисоби  калони  4:0  мағлуб намуданд. Аз ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон голҳоро ба дарвозаи ҳариф Умед Кузиев (се гол) ва Иқбол Воситзод заданд. Қаблан футзалбозони тоҷик аз  дастаҳои   мунтахаби  Эрон  бо ҳисоби  2:3, Таиланд-2 бо натиҷаи 2:4 ва Таиланд бо ҳисоби  0:2 мағлуб гардида буданд. Ҳамин тавр  дастаи мунтахаби футзали  Тоҷикистон  рақобати хешро дар ин мусобиқа ба анҷом расонид.

Мусобиқаи «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд

Даври 4-ум

МалайзияТОҶИКИСТОН – 0:4

Голҳои ТоҷикистонУмед Кузиев (3), Иқбол Воситзода.


07.02.2020 Нет комментариев