734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню

Молодежь


ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИН НАДОРАД. Ё худ чаро дар шароити кунунӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва исломро тавъам медонад? Дар ин бора муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов мулоҳиза меронад

Ҳар субҳ рӯзи худро бо азназаргузаронии сомонаҳои хабарӣ дар Шабакаи ҷаҳонии интернет шурӯъ менамоям. Бароям хеле шигифтовар аст, ки ҷангу нифоқ ва куштору террор дар кишварҳои мусулмонӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифта, рӯзе нест, ки ба он иттилои нав илова нашавад. Ба ибораи дигар, имрӯз далели бебаҳс шудааст, ки хатари экстремизм ва терроризм, пеш аз ҳама, ба кишварҳое таҳдид мекунад, ки аксари шаҳрвандони онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд. Муътақидам, ки чунин ҳолат на танҳо банда, балки тамоми мусулмонони аз набзи ҷомеа огоҳро ба ташвиш оварда, нигарон намудааст. Шоҳиди он ҳастем, ки давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусалмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти судман бо ҷавонони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

20 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳия оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабери соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, баргузор гардид! Тибқи иттилои хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Шодмон Нурматов дар чорабинии мазкур намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Ҳакимов Нозимҷон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Зафаробод Авезов Беҳзод иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар доираи мулоқот оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ доир мегардад

Пагоҳ дар Кохи Афсарони Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26 солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва нигоҳдошти амну субботи ҷомеа» баргузор мегардад. Иқдоми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ карда шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои қудратӣ, собиқадорони соҳа ва ҷавонони фаъол ширкат меварзанд.

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз»

Бо  ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» баргузор гардид. Фестивали мазкур  ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бахшида шуда, дар он сарбозону афсарони қисмҳои низомии кишвар бо сурудҳо дар васфи Ватан, модар, ҷавонӣ ва ишқ баромад намуданд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода сарбозону афсарони қисмҳои низомиро  бо 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ  муборакбод намуда, зикр кард, ки Артиши миллии Тоҷикистон  дар замонҳои начандон тӯлонӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоно ва қувваи бузурге […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти судманд дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази таълимии сарвар» вобаста ба расонидаи муҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд доир гардид. Дар мулоқот масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, касбомӯзӣ ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона матраҳ гардида, ҷавондухтарон вобаста ба шароити фароҳамоварда шуда ибрози назар намуданд. Тавре мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ иттилоъ доданд, вобаста ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан — модар таълимгирандагони муассисан ибрози назар намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 7 8 9 10 11 12